Сӯхтор дар меҳмонхонаи “Эҳсон”

Дар меҳмонхонаи “Эҳсон”-и шаҳри Хуҷанд рӯзи 17 август сӯхтор сар зад.

Ба иттилои Фаррух Юсуфӣ, сардори идораи сӯхторнишонии шаҳр, ҳодиса дар даромадгоҳи меҳмонхона сар зада, ҳаҷми сӯхтор ҳамагӣ 1,5 метри мураббаъ будааст.

Сабаби сар задани оташ истифодаи масолеҳи зудоташгиранда – “алкафон” арзёбӣ мешавад. Сӯхтор дар муддати кӯтоҳ пурра хомӯш карда шуда, молу маҳсулот ба арзиши зиёда аз 2 миллион сомонӣ аз сӯхтор эмин нигоҳ дошта шудааст.

Мақомот иттилоъ медиҳанд, ки дар ин ҳодиса талафоти ҷонӣ ва осеби шахс ба қайд гирифта нашудааст.

Видео дар https://t.me/pressa_tj

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *