Дастгирии раиси шаҳри Исфара аз бародарон Ҳусейнхоҷаевҳо

Раиси шаҳри Исфара Саломзода Сиҷоуддин бародарон Муҳаммадхӯҷа ва Мустафохуҷа Ҳусейнхоҷаевҳоро, ки дар кишвар аз ҷумлаи шоҳмотбозони номӣ маҳсуб меёбанд, ба суҳбати хоса даъват кард.

Мулоқоти мазкур баъд аз анҷоми чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шоҳмот байни мардон ва бонувон, ки дар он Мустафохӯҷа Ҳусейнхоҷаев медали нуқра ба даст овард, сурат гирифт.
Бародари ӯ — устоди дараҷаи байналмиллалӣ оид ба шоҳмот Муҳаммадхӯҷа Ҳусейнхоҷаев чанде қабл дар мусобиқоти тиҷоратие, ки дар кишвари Павлодар сурат гирифт, ба дарёфти ҷойи аввал соҳиб гардид.
Мавриди зикр аст, ки Федератсияи байналмилалии шоҳмот (FIDE) ҳанӯз соли 2016 даҳгонаи мардону занони шоҳмотбози беҳтарини кишварҳои дунё – аз ҷумла Тоҷикистонро эълон карда буд, ки бар асоси он гроссмейстер Фаррух Амонатов дар садри дастаи мардони шоҳмотбози Тоҷикистон ҷой гирифтааст. Баъд аз ӯ Муҳаммадхӯҷа Ҳусейнхоҷаев, Икром Иброҳимов, Мустафохӯҷа Ҳусейнхоҷаев, Муҳаммад Собиров, Суҳроб Ҳамдамов, Амин Қобилов, Алишер Каримов, Андрей Онишенко ва Олуча Ҷумъаев қарор доранд.
Раиси шаҳри Исфара Саломзода Сиҷоуддин дар фарҷоми суҳбати озоду самимонаи худ бо бародарон Муҳаммадхӯҷа ва Мустафохуҷа Ҳусейнхоҷаевҳо изҳор дошт, ки дар мавриди зарурат онҳоро ҳамеша ва ҳамаҷиҳата дастгирӣ хоҳад кард.
«Танҳо шумо шаъну эътибори варзишии Тоҷикистони азизро дар арсаи байналмиллалӣ баланд бардоред», — таъкид дошт, шаҳрдор.
Бародарон Ҳусейнхоҷаевҳо дар ояндаи наздик дар Олимпиадаи байналмиллалӣ оид ба шоҳмот, ки дар шаҳри Батумӣ баргузор мегардад, дар ҳайати дастаи шоҳмотбозони Тоҷикистон ширкат хоҳанд варзид.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *