Дастрасии муҳоҷирони меҳнатӣ ба ёрии тиббӣ дар Федератсияи Россия

Фирӯза Сатторӣ

Дастрасии муҳоҷирони меҳнатӣ ба

ёрии тиббӣ дар Федератсияи Россия

  1. Оё муҳоҷирон ба гирифтани ёрии тиббӣ ҳуқуқ доранд?
  2. Дар кадом ҳолатҳо муҳоҷирони меҳнатӣ ёрии тибии ройгон гирифта метавонанд?
  3. Таваллуд кардани зани муҳоҷир дар таваллудхонаҳои Русия ройгон аст ё пулакӣ?
  4. Мошини “Ёрии таъҷилӣ”-ро чӣ гуна даъват мекунанд?
  5. Ба 103 занг задан беҳтар аст ё ба 112?
  6. Агар табибон ҳуҷҷат пурсанд, чӣ бояд кард?
  7. Аз болои табибон ба куҷо шикоят кардан мумкин аст?

Саломатӣ ганҷи бебаҳо аст, бинобар ин, инсон дар ҳама ҳолат бояд пеш аз ҳама дар фикри саломатии худ бошад. Мутаассифона, аксари шахсоне, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд, дар боби гирифтани ёрии тиббӣ дар кишвари бегона маълумоти кам дошта, намедонанд дар ҳолати бемор шудан ба куҷо муроҷиат намоянд ва чӣ гуна ёрии тиббӣ бигиранд. Аз ҳамин хотир, мо қарор додем ба мавзӯи дастрасии муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ба хизматрасониҳои тиббии ройгон дар Русия каме равшанӣ андозем.

  1. Оё муҳоҷирон ба гирифтани ёрии тиббӣ ҳуқуқ доранд?

Шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатие, ки муваққатӣ ё доимӣ дар ҳудуди Федератсияи Русия истиқомат ва кор мекунанд, дар асоси қонунҳои ҷории Федератсияи Россия ҳуқуқ доранд, ки дар муассисаҳои давлатии тиббӣ аз хизматрасониҳои тиббӣ истифода баранд. Муҳоҷире, ки корти муҳоҷиратӣ дорад, ҳатто дар сурати надоштани патент барои фаъолияти меҳнатӣ метавонад барои гирифтани ёрии тиббӣ ба муасссисаҳои тиббии шаҳрию маҳаллӣ дар қаламравӣ Россия муроҷиат намояд.

2. Дар кадом ҳолатҳо муҳоҷирон ёрии тибии ройгон гирифта метавонанд?

Мутобиқи Қарори Ҳукумати Федератсияи Россия “Дар бораи тасдиқи қоидаҳои пешниҳоди кӯмаки тиббӣ ба шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави Федератсияи Россия” аз 6-уми марти соли 2013 таҳти № 186 шаҳрвандони хориҷӣ, шахсони бетабаа ва муҳоҷирони меҳнатие, ки иҷозатномаи буду бош дар қаламрави Россия (РВП) ) ва иҷоза барои зиндагӣ (Вид на Жителство) надоранд, дар ҳолати таҳдиди хатар ба ҳаёташон ба гирифтани хизматрасонии ройгони тиббӣ ҳуқуқ доранд.  

3. Таваллуд кардани зани муҳоҷир дар Русия ройгон аст?

Мутобиқи Қарори Ҳукумати Федератсияи Россия “Дар бораи тасдиқи қоидаҳои пешниҳоди кӯмаки тиббӣ ба шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави Федератсияи Россия” аз 6-уми марти соли 2013 таҳти № 186 шаҳрвандони хориҷӣ, шахсони бетабаа ва муҳоҷирони меҳнатие, ки иҷозатномаи буду бош дар қаламрави Россия (РВП) ) ва иҷоза барои зиндагӣ (Вид на Жителство) надоранд, дар ҳолати таҳдиди хатар ба ҳаёташон ба гирифтани хизматрасонии ройгони тиббӣ ҳуқуқ доранд.

Ба чунин ҳолатҳо дохил мешаванд:

  •  Осеб дидани косахона ва мағзи сар бар асари афтидан аз баландӣ ва дигар фалокатҳо.
  •  Шикастани устухонҳо, латёбӣ, баромадани дасту пой, захми кушода (открытый перелом).
  • Сӯхтан ва заҳролудшавӣ аз моддаҳои кимиёвӣ ё терметикӣ.
  • Дучор шудан ба садамаи нақлиётӣ.
  • Бардоштани захме, ки боиси хунравӣ гашта, ҳаёти инсонро дар хатар мегузорад.
  • Заҳролудшавӣ аз ягон навъи хӯрока ё доруворӣ,
  • Сактаи дил-инфаркт ва сактаи мағзӣ-инсульт.

Илтиҳоби шуш ва хурӯҷи бемориҳои музмин аз қабили фаромадани санг аз гурда, шиддат (приступ)-и захми меъда ва дигар узвҳои дарунӣ. Якбора манъ шудани пешоб ва ногузароии рӯда (непроходимость кишечника).

Солҳои охир дар баробари мардон иддае аз занҳои тоҷик низ ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд.

Шумо ба Русия рафта, ҳомиладор шудед?

Оё ҳуқуқи дар таваллудхонаҳои ин кишвар ройгон таваллуд карданро доред?

Бале, таваллуд кардан барои саломатии модар ва тифли батнаш ҳолати хатарнок ба ҳисоб меравад ва мувофиқи қонунгузории ФР ёрии тиббӣ ҳангоми тавлид дар қатори занони маҳаллӣ ба занони муҳоҷир низ ба таври ройгон расонида мешавад. Саломатии модару кӯдак хуб бошад, маъмулан баъди се рӯз ба навзод воксинаҳои заруриро гузаронида, ҷавоб медиҳанд, вале кӯдак норасид бошад, ӯро муҳлати муайяншуда дар таваллудхона нигоҳ дошта, ройгон табобат мекунанд.  

“Ёрии таъҷилӣ”-ро чӣ гуна бояд даъват кард?

Албатта дар мулки ғурбат ба сари инсон ҳар гуна фалокатҳо омада метавонанд, махсусан ҳодисаҳои нохуши афтидан аз ошёнаҳои баланд дар вақти иҷрои корҳои сохтмонӣ, зарар дидан бар асари сӯхтор ва садамаҳои дигари истеҳсолӣ, дучор гаштан ба садамаи нақлиётӣ ва захмӣ шудани муҳоҷирон бо сабабҳои гуногун солҳои охир дар Русия тез-тез рӯй медиҳанд. Мабодо ба сари шумо, ҳамкор ё дӯсту рафиқатон чунин мусибат ояд ё ба хурӯҷи (приступ) беморӣ гирифтор шавад, ҳатман табибонро ба ёрӣ даъват намоед. Вақте ки ба табибон занг мезанед, вазъи беморро дуруст фаҳмонед, яъне чӣ ҳодиса рӯй додааст, ҳолати бемор чӣ гуна аст, беҳуш аст ё ба ҳуш, аз чӣ шикоят дорад ва ғайра…

Ҳамаи ин иттилоот барои он зарур аст, ки табибон дар бораи ҳолати мариз маълумоти дақиқ пайдо карда, мошинеро фиристанд, ки бо дастгоҳҳои зарурӣ муҷаҳҳаз бошад.

Барои даъват кардани “Ёрии таъҷилӣ” шумо метавонед аз дилхоҳ телефон ба рақамҳои зерин занг занед: 103 ва 112.

звонок первой помощи

          Ба 103 занг задан беҳтар аст ё ба 112?

Бемор ба сактаи дил, сактаи мағзӣ, хурӯҷи дард (приступ) ва ё бемории дигар гирифтор гашта бошад ё зани муҳоҷирро дарди зодан бигирад, фавран бояд ба рақами 103 занг зада, мошини “Ёрии таъҷили”-ро ҷеғ занед. Табибони “Ёрии таъҷилӣ” ба бемор кӯмаки аввалини тиббӣ мерасонанд ва агар зарур донанд, маризро бо амбуланс ба беморхонаи лозима мебаранд. Дар сурати афтидан аз баландӣ ҳангоми иҷрои корҳои сохтмонӣ, сар задани сӯхтор ё фоҷиаи дигари истеҳсолӣ, рӯй додани садамаи нақлиётӣ, корд хӯрдану захм бардоштан бар асари занозанию моҷаро ва дигар ҳодисаҳои нохуш ба рақами 112 занг задан лозим меояд. Вақте шумо ба ин рақам занг мезанед, дар баробари табибон кормандони масъули мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва наҷотдиҳандагон низ ба имдод мерасанд.  

Агар табибон ҳуҷҷат пурсанд, чӣ бояд кард?

Албатта ҳар як муҳоҷири меҳнатӣ бояд тамоми ҳуҷҷатҳояшро ба расмият дароварда, дар кишвари қабулкунанда дар асоси қонун кору фаълият намояд, вале ҳолатҳое мешаванд, ки муҳоҷир ҳанӯз фурсати тахт кардани ҳуҷҷатҳояшро пайдо накарда, ба ёрии тиббӣ ниёз пайдо мекунад. Баъзе табибоне ёфт мешаванд, ки дар ҳолатҳои вазнин низ бо баҳонаи ҳуҷҷат надоштани мариз аз расонидани ёрии тиббӣ ба бемор саркашӣ мекунанд. Дар ин ҳолат чӣ бояд кард?

Бидуни ҷангу ҷанҷолу моҷаро, вале қатъӣ ба табибон фаҳмонед, ки дар асоси Қонуни Федералии ФР аз 21-уми ноябри соли 2011 таҳти №323 ФЗ “Дар бораи асосҳои ҳифзи саломатӣ дар Федератсияи Россия” ва Қарори ҳукумати Федератсияи Россия “Дар бораи тасдиқи қоидаҳои пешниҳоди кӯмаки тиббӣ ба шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави Россия” аз 6-уми марти соли 2013 таҳти № 186 шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ ҳуқуқи гирифтани ёрии тиббиро доранд ва дар асоси қисми 3-и қарори мазкур, яъне 186 табибон вазифадоранд, ки ба шаҳрвандони хориҷӣ ва муҳоҷирони меҳнатӣ ҳатто дар сурати надоштани патент, иҷозатномаи зист ва суғуртаи тиббӣ дар ҳолатҳое, ки ба ҳаёти мариз хатар таҳдид мекунад, кӯмаки зарурии тиббиро ба таври ройгон бирасонанд. Нотарсона бигӯед, ки дар сурати аз иҷрои вазифаҳои худ саркашӣ намуданашон шумо ин масъаларо ҳамту намемонед ва аз болояшон ба Вазорати тандурустии Россия ва дигар мақомотҳои лозима шикоят мекунед.  

Шикоят кунед, агар…

Мабодо табибон ҳатто дар сурати ёдрас шудан аз қонунҳое, ки онҳоро ба расонидани кӯмаки тиббӣ вазифадор кардаанд, аз расонидани ёрии тиббӣ саркашӣ намоянд, метавонед ба рақамҳои зерин занг занед:

Вазорати тандурустии Русия.

Рақами телефони бисёрканала8 495 627-24-00

Санкт-Петербург: 8-800-511-47-40
Вилояти Красноярск8-800-350-11-99

Росздравнадзор оид ба ҳимояи ҳуқуқҳои шаҳрвандон дар масъалаи нигоҳдории тандурустӣ: 8 800 500-18-35

вазорати тандурусти

Барои гирифтани дигар маълумотҳои зарурӣ дар бораи дастрасӣ ба намудҳои гуногуни хизматрасониҳои тиббӣ дар Русия метавонед ба рақамҳои зерин занг занед:

8 495 628-44-53 ва 8 495 627-29-44.

photo_2022-07-20_15-21-09

подробнее тдж: https://oila.tj/news/dastrasii-muoironi-menat-ba-erii-tibb-dar-federatsiyai-rossiya

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.