Дастури Президент барои кумак ба зарардидагони заминҷунбӣ
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дастур додааст, ки ҳаҷми зарари заминҷунбӣ дар минтақаи Рашт муайян ва роҳи расондани кумак ба мардум ҳарчи зудтар амалӣ карда шавад.
Дар ин бора хадамоти матбуоти Сарвари давлат 14-уми апрел иттилоъ додааст.
Ба иттилои манбаъ, бо супориши Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 13-уми апрел комиссияи ҳукуматӣ ташкил шуда, бо роҳбарии Сулаймон Зиёзода, муовини сарвазири Тоҷикистон ба минтақаи Рашт рафтаанд.
Бояд гуфт, ки комиссия ба омӯзиши оқибатҳои заминҷунбӣ ва муайян кардани ҳаҷм ва намудҳои кумаки фаврӣ ба мардуми зарардида машғул мешавад.

Ёдрас мешавем, ки дар пайи заминларзаи рӯзи гузашта, тибқи иттилои мақомот, дар ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод 94 хонаи истиқоматӣ пурра ва 50 хона қисман вайрон шуда, ба 61 хонаи дигар осеби сабук расидааст.
Ҳамчунин, дар пайи ин офати табиӣ 3 мактаб ва наздики 200 иншооти гуногуни дигар зарар дидаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ