Давлатов дар Хуҷанд «Оксфорд» –ро ба истифода медиҳад

Мактаби  хусусии бизнес-тренер ва узви ҳайати мушовараи ҳафтаномаи “Тоҷикистон” Саидмурод Давлатов бо номи  «Оксфорд» дар шаҳри Хуҷанд идома дорад.

Интизор аст, ки соли равон ин мактаби замонавӣ дар рӯзи ҷашни Истиқлияти давлатӣ ба истифода дода шавад.

Ҷавоби миллионери тоҷик ба 5 саволи муҳим

Чанде пеш раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва бизнес-тренер Саидмурод Давлатов аз раванди корҳои сохтмонӣ дар  мактаби замонавии «Оксфорд» шинос шудаанд.  

Тавре маркази матбуоти раиси вилоят хабар дод, бинои мактаб бо тарҳи донишгоҳи маъруфу қадимаи «Оксфорд»- и Британияи кабир сохта шуда, таълим тибқи талаботи стандартҳои байналмилалӣ ба роҳ монда мешавад. “Мактаб дар доираи таҷлили 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода мешавад. Дар мактаби «Оксфорд» 450 нафар ба таҳсил фаро гирифта мешаванд”,-иттилоъ дод манбаъ.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бунёди чунин муассисаи таьлимии замонавиро иқдоми нек арзёбӣ карда, изҳори боварӣ намудааст, ки хатмкунандагони он дар бузургтарин донишгоҳҳои олам таҳсил карда, барои рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳм хоҳанд гузошт.

Барномаи «Корзина» бо Саидмурод Давлатов

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *