ДБССТ-пешсаф дар рейтинги байналмилалии UI GreenMetric 2025

5 декабри соли 2025 дар Донишгоҳи миллии Чи Нани Тайван маросими расмии эълони натиҷаҳои рейтинги ҷаҳонии UI GreenMetric World University Rankings 2025 баргузор гардид. Рейтинги мазкур донишгоҳҳои пешсафи ҷаҳонро, ки сиёсати рушди устувор ва идоракунии сабзро амалӣ мекунанд, фаро гирифтаст.

Имсол ба ин баҳогузорӣ 1845 донишгоҳ аз 105 кишвари ҷаҳон шомил гардиданд. Тоҷикистон дар ин рейтинг ду донишгоҳ – Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон (ДБССТ) ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ карданд.

ДБССТ  ба даст овардани 5885 хол дар раддабандии умумӣ ба мавқеи намоён дар миёни донишгоҳҳои ҷаҳон расид ва мавқеи аввалро дар Тоҷикистон ишғол намуд.

Ҳамчунин, донишгоҳ дар ду зерраддабандии UI GreenMetric нишондиҳандаҳои баланд ба даст овардааст:

  • дар гурӯҳи донишгоҳҳои дорои теъдоди миёнаи донишҷӯёну кормандон (Medium Campus Population);
  • дар гурӯҳи донишгоҳҳои дорои масоҳати миёна (Medium Campus Area).

Баҳогузорӣ дар асоси шаш меъёри асосӣ сурат гирифта,  ДБССТ нишондиҳандаҳои зеринро ба даст овардааст:

  • инфрасохтор ва муҳити кампус – 925 хол;
  • энергетика ва иқлим – 1235 хол;
  • истифодаи самараноки об – 650 хол;
  • идоракунии партовҳо – 512.5 хол;
  • нақлиёти устувор – 1200 хол;
  • илм, таълим ва таҳқиқот дар самти рушди устувор – 1362.5 хол.

“Ин дастоварди таърихӣ имконият медиҳад, ки саҳми Тоҷикистон дар рушди иқтисоди сабз ва татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор бештар ба ҷаҳониён муаррифӣ гардад”-иброз доштанд аз раёсати донишгоҳ ба Pressa.tj.

Маврид ба зикр аст, ки рушди устувор яке аз самтҳои стратегии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Раёсати ДБССТ таъкид мекунад, ки минбаъд низ барои густариши инфрасохтори сабз, истифодаи энергияи каммасраф, сарфакоронаи истифодаи об, кам кардани партовҳо, баланд бардоштани маърифати экологӣ ва густариши тадқиқоти инноватсионӣ талош хоҳад кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *