ДДХ барои муҳаққиқон ва устодон дастгирии молиявӣ ҷорӣ кард
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров барои муҳаққиқоне, ки рисолаи номзадӣ ва докториро ҳимоя мекунанд, мукофотпулӣ пешбинӣ шудааст. Аз ҷумла, барои ҳимояи рисолаи номзадӣ 5 ҳазор сомонӣ ва барои ҳимояи рисолаи докторӣ 10 ҳазор сомонӣ пардохт мегардад.
Ҳамчунин, устодоне, ки шогирдонашон рисолаи номзадӣ ҳимоя менамоянд, бо 5 ҳазор сомонӣ ва барои ҳимояи рисолаи докторӣ бо 10 ҳазор сомонӣ қадршиносӣ карда мешаванд.
Дар ин бора ректори донишгоҳ Мирзотоҳир Набизода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Ба гуфтаи ректор, бо мақсади омода намудани кадрҳои баландихтисос ва ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат, дар соли сипаришуда дар зинаи бакалавр 7 ихтисоси нав ва замонавӣ, инчунин дар зинаи магистратура як ихтисоси нав таъсис дода шудааст.
Илова бар ин, дар самти забономӯзӣ ва технологияҳои иттилоотӣ дар зинаи бакалавр 17 ихтисоси наву замонавӣ таъсис дода шуда, дар асоси ин тадбир иҷозатнома барои пешбурди фаъолияти таълимӣ ба даст оварда шудааст. Тибқи иҷозатнома, қабули довталабон аз рӯи ин ихтисосҳо барои соли таҳсили 2026-2027 ба роҳ монда мешавад.
Айни ҳол дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров аз рӯи 116 ихтисос дар шуъбаи рӯзона ва 35 ихтисос дар шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ раванди таълим ҷараён дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ