Корхонаи “Адрасмон” дубора фаъол мешавад

Корхонаи маъдантозакунии “Адрасмон”, воқеъ дар шаҳри Гулистон, баъди  беш аз 15 соли таваққуф эҳтимол моҳи сентябри соли равон дубора ба фаъолият оғоз кунад.

Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлодзода зимни нишасти матбуотӣ хабар дод, ки барои аз нав ба кор даровардани ин корхонаи бузурги саноатӣ сармоягузор пайдо шудааст. Ба гуфтаи ӯ, тарафи чинӣ омодагии худро барои маблағгузорӣ ва эҳёи фаъолияти корхонаи “Адрасмон” изҳор намудааст.

Илҳом Пӯлодзода таъкид кард, ки “Адрасмон” яке аз калонтарин корхонаҳои маъдантозакунӣ дар минтақа ба ҳисоб рафта, ба кор даромадани он метавонад ба рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Гулистон ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидат намояд.

Ёдовар мешавем, ки корхонаи “Адрасмон” беш аз 15 сол боз ғайрифаъол буда, аҳолии маҳаллӣ аз эҳёи фаъолияти он умедҳои зиёд доранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *