ДЕҲҚОНОНИ ПАНҶАКЕНТ: ИЛТИМОС, АРЗИ МОРО БА “БОЛО” РАСОНЕД

Дар ин шабурӯзи кишти тирамоҳӣ ба деҳқонони Панҷакент дар заминҳояшон киштани ҷаву гандуми тирамоҳиро манъ кардаанд. Мақомот гуфтаанд, заминҳоро бояд то баҳор дам дода, сипас тибқи нақша, ҳама бояд дар заминҳои худ картошка бикоранд.

Деҳқонони шаҳру деҳоти Панҷакент мегӯянд, ин шабу рӯз, ки мавсими кишти тирамоҳист, онҳоро намегузоранд то ба заминҳои хеш гандуму ҷав кишт кунанд.

Ба қавли деҳқонон, сабаби монеъ шудан ба кишти зироатҳои ғалладонагӣ, аз қабили ҷаву гандум, ин бамаротиб зиёд шудани нақшаи кишти картошка дар миқёси шаҳру деҳоти Панҷакент дар соли оянда будааст.

Аз раёсати кишоварзии шаҳри Панҷакент ҳам тасдиқ намуданд, ки дар як ҷаласа ба деҳқонон таъкид гардид, ки бояд дар соли 2018 майдони кишти картошка дар Панҷакент, ба 5000 гектар расонида шавад.

Аз ин хусус бояд деҳқонон заминҳоро бо гандуму ҷав банд накунанд ва барои картошкаи барвақтӣ заминро омода созанд — мегӯянд мутассадиёни соҳа. Ба иттилои роҳбарони соҳаи кишоварзӣ, дар назди ҷамоатҳо нақшаи муаяйн барои кишти ғалладонагиҳо гузоштаанд ва ҳар як ҷамоат набояд аз меъёр зиёд дар заминҳои обӣ ғалла коранд. Аммо барои кишти ҷаву гандум дар заминҳои лалмӣ монеъа нест, мегӯянд – дастандаркорони соҳаи кишоварзӣ дар Панҷакент.

Валӣ, ном як як деҳқони панҷакентӣ дар сӯҳбат бо «Ахбор” гуфт: «Агарчӣ замини ман ба гурӯҳи заминҳои шартан обӣ ворид мешавад, маро таъкид карданд, ки дар заминат гандуму ҷав накор. Вайрон мекунем. Бояд картошка корӣ. Оё дар чунин замине, ки дар 1 сол як маротиба об додан имкон дорад, картошка корида мешавад? Агар ҳоло ман дар ин замин ҷаву гандуми лалмӣ накорам, он дар соли оянда бекор мемонад ва муҳимтар аз ин барои чорвоям коҳу ем намешавад. Ба болои ин ба ин замини бекор ҳам андоз супорам.”

Ба гуфтаи Валӣ, ҳатто механизаторон розӣ намешаванд, ки заминҳоеро, ки соҳибонашон гандум кориданианд, ҷуфт кунанд. Тракторчиҳо мегӯянд, гӯё ба онҳо «фаҳмондаанд”, ки агар ягон заминро ҷуфт карда гандум горед, тракторатонро маҳкам мекунем.

Валӣ барои кишти картошка замин ҷудо кардааст, аммо мегӯяд, агар дар ҳамаи заминаш картошка корад, фоида намебинад.

Деҳқонон мегӯянд, ки соли равон моро маҷбур ба коридани картошка намуданд, вале аксари онҳо ҳосили дилҳох ба даст наоварданд. Ба гуфтаи онҳо, «агар ҳосил хуб мешуд, чаро нархи картошка ҳоло дар бозор 2.80 – 3 сомонӣ аст? Бояд арзон мешуд.”

Ба андешаи деҳқонон, Панҷакент минтақаи барои кишти картошка мувофиқ нест. Танҳо 2-3 ҷамоати баландкӯҳ ва дурдаст, ки боду ҳавои он қадар гарм надорад, барои картошкапарварӣ муносиб будааст.

Коршиносони соҳа бар онанд, ки зироати картошка дар ҳарорати аз 25 дараҷа гармӣ рушд намекунад. Дар шаҳри Панҷакент ва деҳоти атрофи он, ҳарорат шурӯъ аз моҳи апрел аз 25 дараҷа боло меравад. Бинобар ин танҳо дар қисматҳои минтақаҳои кӯҳдомани Панҷакент, картошка хубтар мерӯяд.

Дар даврони Шӯравӣ низ маҳз дар чунин минтақаҳо, ба гуфтаи мутахассисони соҳа, картошка кишт мекарданд.

Ба замми ин, мегӯянд деҳқонон, соли равон ба болои ба даст наомадани ҳосили хуб қисми зиёди ҳамон картошкаи шудагӣ ҳам кирмхӯрдаву офатзада омад. Ин исботи он аст, ки дар Панҷакент картошка хуб намешавад ба истиснои 2-3 ҷамоатҳои дурдаст.

Деҳқонон мегӯянд, «илтимос, арзи моро ба боло расонед, то моро маҷбур накунанд, ки картошка корем. Худамон ҳам медонем, ки агар картошкапарварӣ ҳосилу фоидаи хуб диҳад, мо бе гуфти касе ба картошкапарварӣ машғул мешудем. Зеро ҳар як деҳқон барои ба даст овардани фоида кор мекунад на бар зиёни хеш.»

Як нафар аз кормандони ҳукумати Панҷакент ҳам ба шарти наовардани номаш дар сӯҳбат бо «Ахбор” иқрор кард, ки «воқеан коре, ки карда истодаем, ҷабр ба деҳқонон аст. Чунки чанд соли охир фақат картошкакорӣ мекунем, аммо дар бисёр мавзеъҳои мо ин зироат ҳосили фаровон намедиҳад. Дар натиҷа деҳқонон зиёни шадид мебинанд.”

Ин дар ҳолест, ки соли равон дар Панҷакент ҳама соҳаҳо чун «фронти зарбдор” ба картошкакорӣ фиристода шуда буданд. Кор то ба ҷое расид, ки ҳатто дар назди мактабу кӯдакистонҳо ва ташкилоту идораҳо низ нақша барои картошкакорӣ гузошта шуд.

Алиҷон (ном иваз шудааст) мегӯяд, ”дар назди корхонаи мо 3 гектар нақша монда буданд. Дар ин 3 гектар барои кишти картошка зиёда аз 17000 сомонӣ харҷ кардам. Барои кишт, тухмӣ, мардикор, пули обу поруву дору… ҳосили чидаам, гумон аст, ки 17000 сомонӣ шавад. Ҳоло намедонам чи кор кунам ва қарзамро, ки аз бонк гирифта будам, аз куҷо диҳам? Боз соли оянда нақшаҳоро зиёд кардаанд.”

Ҳоло танҳо як илоҷам мондааст, ки ҳамаи инро партояму ба муҳоҷират равам – гуфт Алиҷон.

Бознашр аз сомонаи Ахбор

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *