Диққат! «Сомон Эйр» билетҳо ба Русияро арзон кард

«Сомон Эйр», ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон, аз 14-уми ноябр нархи билет ба ҳамаи самтҳои парвозро арзон кард. Таҳлилгарон мегӯянд, ки дар шароити нав ширкат ночор аст, барои ҷалби муштариён нархҳоро то ҳадде поён бибарад.

Темур Бандишоев, сухангӯи ширкати «Сомон Эйр», рӯзи 15-уми ноябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтааст, нархи билет ба ҳамаи самтҳои парвоз поин оварда шуданд. Маъмулан ширкатҳои ҳавопаймоӣ дар ҷаҳон бо анҷом расидани мавсими туризм ё гардишгарӣ барои ҷалби муштариёни бештар нархи билетро поён мебаранд.

 Аммо Бандишоев гуфт, поин рафтани нархи чиптаҳои ширкат ба мавсим рабте надорад, “балки як иқдоми ширкат барои ҳавасмандии муштариён аст, ки ҳудуди як моҳ идома мекунад”.

Масъулони ширкат мегӯянд, мудирон натиҷаи поён овардани қимати билетҳоро таҳлил карда, баъдан тасмим мегиранд, ки нарх дар ҳамин сатҳ боқӣ бимонад ва ё ба сатҳи аввалааш бозгардад.

Қимати билетҳои ширкат вобаста ба самташ аз 100 то 150 доллар арзонтар шудаанд. Дар ширкати «Сомон Эйр» гуфтанд, барои мисол, билети Душанбе – Маскав то ин замон 2225 сомонӣ арзиш дошт ва ҳоло нархи он 1631 сомонист. Нархи билети рафту баргашт ба шаҳри Урумчии Чин, ки мусофиронаш умдатан соҳибкоронанд, ҳоло 341 доллар аст. То ин замон нархи билети ин самт ҳудудан 420 доллар буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

3 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *