Дипломи “Раиси сол-2021” — Рустами Эмомалӣ супорида шуд

Субҳи имрӯз дипломи ғолиб дар номинатсияи “Раиси сол”-и “Рейтинг-2021”, ки аз ҷониби ҳафтаномаи “Тоҷикистон” ва сомонаи Pressa.tj баргузор шуд, ба намояндаи шаҳрдории Душанбе супорида шуд.

Дипломи ғолибро дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе муҳаррири ҳафтаномаи “Тоҷикистон” Одил Нозир супорид.

Сардори дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Саидзода Тоҷиддин Ниёз зимни қабули диплом гуфт: “Ман миннатдории Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро ба он нафароне мерасонам, ки ба фаъолияти эшон бовариву эътимод доранд”.

Ёдовар мешавем, ки ҳафтаномаи «Тоҷикистон» охири ҳар сол барои маълум кардани 10 чеҳра аз рӯи 10 номинатсия пурсиш мегузаронад. Имсол низ нашрия тариқи сомонаи Pressa.tj чунин пурсишро роҳандозӣ намуд, ки он тӯли ду ҳафта, аз 15 то 31-уми декабри соли 2021 идома ёфт. Аммо, бояд гуфт, ки ин навбат пурсиш ба таври хеле густурда ва баҳснок баргузор гардид. Афкори мардум хусусан дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба таври васеъ кошта шуд. Яке эътироз кард, дигаре луқма парофт, яке аз шӯхиву танз кор гирифт, дигаре пешниҳод ироа намуд. Давоми ин ду ҳафта, ки афкори мардум дар бораи раисон, вазирон, соҳибкорон, бонкирҳо, сарояндагон, блогерҳо ва умуман ашхоси маъруфи ҷомеа пурсида шуд, баҳсҳои шиддатноки хонандагони ҳафтаномаи “Тоҷикистон” ва сомонаи Pressa.tj фазои маҷозиро гарм нигоҳ доштанд.

Номинатсияи “Раиси сол” яке аз бахшҳои пурсарусадо буд. Аслан, дар ин бахш се нафар раиси пешсаф дар сабқат қарор доштанд. Аммо таваҷҷуҳ ба раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ҳамчун раиси ҷавони навовару ободкор бештар буд. Респондентҳо ишора мекарданд, ки ӯ кам сухан мегӯяд ва худро дар амал нишон медиҳад. Дар атрофаш ҷавононеро ҷамъ овардааст, ки аз IT технологияи муосир бархӯрдоранд. Як дастоварди бузургаш бунёди командаи таҳсилдида, ҷӯянда, қолабшикан аст ва шаҳри Душанберо дар чанд соли охир ба яке аз шаҳрҳои зебову намунавии дунё табдил дод. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода низ чун нафари бунёдкор баҳогузорӣ гардид. Аз шеваи фаъолияти раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода, хусусан саҳмаш дар муътадил сохтани нооромиҳои марзи Тоҷикистону Қирғизистон ҳам ситоиш карда шуд.
Дар натиҷа, дар ин бахши рейтинг раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ соҳиби 20136 овоз, раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода — 2330 овоз ва раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода соҳиби 636 овоз гардида, Рустами Эмомалӣ ғолиб дониста шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *