ДМТ. Аз 35 то 45 000 сомонӣ ҳавасманд намудани омӯзгорон барои ҳимояи рисолаҳои илмӣ дар соли 2026
8 январи соли 2026 дар ҷаласаи Шурои олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон қарор қабул гардид, ки омӯзгорон ва кормандони асосии Донишгоҳ барои ҳимояи рисолаҳои илмӣ дар соли 2026 ҳавасманд гардонида мешаванд.
Ин иқдом бо мақсади боло бурдани сатҳу сифати корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, рушди мактабҳои илмӣ, ҷалби ҷавонони лаёқатманд ба фаъолияти илмӣ, инчунин тақвияти омодасозии кадрҳои баландихтисоси илмӣ амалӣ мегардад. Қарори мазкур дар доираи татбиқи Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021–2030, Стратегияи омӯзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ то соли 2030, инчунин дар робита ба эълон гардидани соли 2026 ҳамчун «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» қабул шудааст.
Тибқи қарори Шурои олимон, омӯзгорон ва кормандони асосии Донишгоҳ барои ҳимояи рисолаи номзадӣ ё доктори фалсафа (PhD) ба маблағи 35 000 сомонӣ ва барои ҳимояи рисолаи докторӣ ё доктори ҳабилитатсия ба маблағи 45 000 сомонӣ ҳавасманд гардонида мешаванд.
Ин тадбир ба таҳкими иқтидори илмии Донишгоҳ, баланд бардоштани сифати пажӯҳишҳои илмӣ ва муаррифии илми ватанӣ дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ мусоидат хоҳад намуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ