ДМТ чанд донишҷӯйи хориҷӣ дорад?
Айни замон дар Донишгоҳи милли Тоҷикистон 334 нафар шаҳрванди хориҷӣ кору таҳсил мекунанд. Дар ин бора Илёс Ғаффорзода, муовини ректори ДМТ оид ба равобити байналмиллалӣ хабар дод.
Номбурда зимни нишасти хабарии ДМТ имрӯз, 1 август гуфт, ки бештар аз ҳама аз Ӯзбекистон – 119 нафар дар донишгоҳ ба кору таҳсил фаро гирифта шудаанд.
“Аз Афғонистон 13 – нафар, Қазоқистон 26 – нафар, Қирғизистон 16 – нафар, Эрон 7 – нафар, Чин 32 -нафар, Туркманистон 36 – нафар, Ҳиндустон 85 – нафар, ҳамчунин аз Арабистони Саудӣ, Қувайт, Канада, Амрико, Австралия ва дигар кишварҳо дар донишгоҳ кору таҳсил мекунанд” – гуфт Илёс Ғаффорзода.
Ҳамчунин, дар нишаст таъкид гардид, ки дар асоси барноми талаботи академӣ бо кишварҳои дигар дар шашмоҳаи якуми соли равон 25 нафар донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар донишгоҳҳои хориҷӣ таҳсил намуда, баъди хатм ба донишгоҳ баргаштанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ