загс

Домод аз хориҷа. Духтарони тоҷик бештар аз куҷо шавҳар интихоб мекунанд?

Никоҳи шаҳрвандони Тоҷикистон бо хориҷиён дар соли 2021 бештар бо шаҳрвандони Ӯзбекистон ва Қирғизистон сурат гирифтааст. Дар ин бора аз раёсати Вазорати адлияи Тоҷикистон дар Суғд хабар медиҳанд.

Соли 2021 дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд 33 ақди никоҳи шаҳрвандони Тоҷикистон бо хориҷиён ва афроди бешаҳрвандӣ сабт шудааст, ки як ҳолат нисбат ба соли 2020 кам мебошад.

Дар ин бора Лолахон Файззода, сардори бахши сабти асноди ҳолати шавҳрвандӣ дар вилоят зимни нишасти хабарияш иттилоъ дод.

Ба иттилои манбаъ, дар ин давра 19 зани хориҷӣ бо шаҳрвандони Тоҷикистон ба шавҳар баромадаву теъдоди духтарони тоҷике ки шавҳари хориҷӣ кардаанд, ба 14 нафар мерасад.

Ҳамзамон дар ин давра 10 никоҳ бо хориҷиён бекор карда шудааст, ки чортои он ба занон ва бақӣ ба мардон мутааллиқ будааст.

Дар байни домоду арӯсҳои хориҷӣ, ки бо сокинони вилояти Суғди издивоҷ кардаанд, шаҳрвандони Ӯзбекистон ва Қирғизистон пешсафанд.

Тибқи омори ин ниҳод, шаҳру ноҳияи Исфара ва Бобоҷон Ғафуров дар ин самт пешсаф буда, дар минтақаҳо мутаносибан ҳашт ва ҳафт ҳолати издивоҷ бо хориҷиён сабт шудааст.

Дар Исфара 8 маврид (3 нафар бо шаҳрвандони Русия, 3 кас бо шаҳрвандони Ӯзбекистон, 1 нафар бо шаҳрванди Қирғизистон, 1 шаҳрванди Украина бо як тоҷикистонӣ), дар Бобоҷон Ғафуров 7 ҳолат (як шаҳрванди Чин бо як тоҷикистонӣ, 1 шаҳрванди Ӯзбекистон бо як шаҳрванди Тоҷикистон ва 5 шаҳрванди кишвар бо қирғизистониҳо)-и издивоҷ бо хориҷиён сабт шудааст.

Ҳамзамон омори издивоҷ бо хориҷиён дар Зафаробод 3 маврид (2 нафар бо шаҳрвандони Ӯзбекистон ва бо 1 фарди бе мақоми шаҳрвандӣ), Истаравшан 3 ҳолат (2 шаҳрванди Ӯзбекистон, 1 шаҳрванди Русия) гуфта мешавад, ҳамчунин дар Айнӣ бо як шаҳрванди Ӯзбекистону дар Спитамен бо як шахси бешаҳрванд шаҳрвандони кишвар издивоҷ кардаанд.

Издивоҷ бо хориҷиён дар Хуҷанд 3 ҳолат (1 шаҳрванди Ӯзбекистон, 1 шаҳрванди Миср ва 1 шахси бешаҳрванд), Шаҳристон 2 ҳолат (аз ин 1 шаҳрванди Ӯзбекистон ва 1 шаҳрванди бешаҳрванд) ва дар Ҷаббор Расулов 2 мавридро ташкил медиҳад.

Соли 2021 дар умум дар вилояти Суғд 22 ҳазору 530 ҳолати бастани ақди никоҳ ба қайд гирифта шудааст, ки дар муқоиса ба соли 2020 4061 ҳолат бештар будааст.

Дар ин давра 3940 ҳолати бекоркунии ақди никоҳ ба қайд гирифта шудааст, ки дар муқоиса ба соли 2020, 363 маврид бештар будааст.

Дар Тоҷикистон аз шаҳрванди хориҷӣ ҳеҷ гуна боҷи пулӣ талаб намешавад, аммо як қатор шартҳоеро домодшаванда бояд иҷро кунад.

«Соли 2011 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ислоҳ шуд, ки тибқи он, агар яке аз тарафҳо шаҳрванди хориҷӣ бошад, бояд дар Тоҷикистон на камтар аз 12 моҳ пеш аз тӯй зиндагӣ карда бошад, шартномаи никоҳ имзо кунад ва уҳдадор шавад, ки зану фарзандони ояндаашро бо манзил таъмин мекунад», — шарҳ медиҳад ҳуқуқшинос Анвар Саидов.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *