Донишҷӯи ДМТ барандаи Шоҳҷоизаи озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар соли 2023

Тоҳирӣ Шукрона Тоҳир, донишҷӯйи курси сеюми факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барандаи Шоҳҷоизаи озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” гардид.

Шоҳҷоиза, ки иборат аз 70 ҳазор сомонӣ аст, аз ҷониби муовини Сарвазири Тоҷикистон Матлубахон Сатториён шоми 15 –уми ноябр ба ғолиб супорида шуд.  

Маросими ҷоизасупорӣ дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бо ширкати намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, ташкилоту созмонҳои эҷодӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, шарикони рушд, муассисаҳои таълимӣ, иштирокчиёни озмун, волидайни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва воситаҳои ахбори омма баргузор шуд.  

Ёдовар мешавем, ки имсол дар даври ҷумҳуриявии озмуни мазкур 528 нафар иштирок намуда, онҳо аз рӯйи 6 номинатсия байни ҳам сабқат намуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *