Донишгоҳе, ки Тоҷикистонро ба ояндаи рақамӣ мебарад
Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон имрӯз бо зиёда аз 45 донишгоҳи бонуфузи Федератсияи Русия, 18 донишгоҳи Иттиҳоди Аврупо, 15 донишгоҳи Ӯзбекистон, 8 донишгоҳи Чин, Амрико ва дигар кишварҳо шартномаҳои ҳамкорӣ дорад.
Дар ин бора ректори донишгоҳ Шаҳриёр Саъдуллозода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, ҳамкориҳои байналмилалӣ барои баланд бардоштани сифати таълим, татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва ворид намудани таҷрибаи пешқадам ба низоми таҳсилоти кишвар мусоидат мекунанд.
Ҳамчунин, чанде пеш миёни Донишгоҳи нақлиёти Сиан (XJTU) ва Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расидааст, ки он ба рушди ҳамкорӣ дар самти бунёди низоми ҳукумати рақамӣ дар Тоҷикистон равона гардидааст.
Иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади таъмини таҷрибаомӯзии донишҷӯён ва омодасозии мутахассисони рақобатпазир, донишгоҳ бо 41 корхонаи истеҳсолии давлатӣ ва хусусӣ, инчунин ташкилоту идораҳои гуногун шартномаҳои ҳамкорӣ бастааст.
Роҳбарияти донишгоҳ таъкид намуд, ки рушди инфрасохтор ва ҳамкориҳои байналмилалӣ заминаи боэътимод барои омода намудани мутахассисони сатҳи байналмилалӣ ва гузариш ба иқтисоди рақамӣ мебошад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ