Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ва нақши боризи он дар татбиқи сиёсати тандурустӣ
Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дуюмин муассисаи олии касбии тиббии муқтадири кишвар аст, ки дар самти татбиқи сиёсати тандурустӣ нақши бориз дорад. ДДТХ мутобиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25-уми феврали соли 2016, таҳти №79 бо назардошти афзоиши аҳолии мамлакат ва қонеъ намудани талаботи кишвар ба мутахассисони соҳаи тиб, бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфтааст.
Маълумоти оморӣ
Дар оғози соли 2023, аз рўи маълумотҳои оморӣ, шумораи умумии омўзгорону кормандони ДДТХ аз 336 нафар иборат буда, аз ин шумора 175 нафар ё худ 52,1%-ро ҳайати профессорону омўзгорон ташкил медиҳад. Теъдоди омўзгорони дараҷаи илмидошта аз 21 нафар иборат аст, ки 16,8%-ро ташкил медиҳад.
Теъдоди умумии донишҷўён аз 2251 нафар иборат буда, аз ин шумора донишҷўёни факултети тиббӣ аз 1055 (46,8%) нафар, факултети педиатрӣ аз 848 (37,6%) нафар ва факултети стоматологӣ аз 348 (15, 4%) нафар иборат мебошад. Аз шумораи умумии донишҷўён 780 (34,6%) нафар тариқи буҷавӣ ва 1471 (65,4%) нафар дар гурӯҳи шартномавӣ таҳсил менамоянд. Теъдоди духтарон 601 (26,7%) нафар ва писарон аз 1650 (73,3%) нафар иборат аст. Дар байни донишҷўён 15 (0,6%) нафар ятими кулл ва 15 (0,6%) нафар маъюбони гурӯҳи 2 — 3 таҳсил менамоянд. Миқдори гурӯҳҳои академӣ аз 126 адад иборат буда, аз ин миқдор 47 (37,3%) гурӯҳ бо забони тоҷикӣ ва 79 (62,7%) гурӯҳ бо забони русӣ таҳсил менамоянд. Аз шумораи умумии донишҷўён 501 нафар (22,1%) бо хобгоҳ таъмин мебошанд. Дар зинаи таҳсилоти баъдаздипломӣ дар донишгоҳ теъдоди аспирантҳо аз 7 нафар, унвонҷўён аз 12 нафар, докторантҳо аз 3 нафар, интернаҳои клиникӣ аз 160 нафар ва ординаторони клиникӣ аз 10 нафар иборат мебошад.
Сохтори донишгоҳ аз 10 шуъба, 2 шӯрои илмӣ, 4 марказ, 19 кафедра, 3 факултет, 2 коллеҷ, 1 китобхона, 4 ташкилоти ҷамъиятӣ, дармонгоҳ ва бахши хоҷагидорӣ иборат аст.
Фонди умумии китобхонаи донишгоҳ дар давраи ҳисоботӣ аз 33 269 нусха адабиёти чопӣ иборат буда, адабиёти электронӣ бошад, 75 000 маводро ташкил медиҳад.
Дастоварҳои донишҷӯён ва донишгоҳ
Бояд қайд намуд, ки фаъолияти донишгоҳ дар давоми соли 2022 назаррас ва босамар буд. Аз рўи натиҷаи озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ дар ин муддат дар маҷмуъ 38 ҷойҳои намунавӣ ва ифтихорӣ ба даст оварда шуд.
Дар таърихи донишгоҳ аввалин маротиба хатми 336 нафар донишҷўён аз рўи ихтисосҳои “Кори табобатӣ”, “Педиатрия” ва “Стоматология” сурат гирифт, ки аз ин шумора 46 нафар ё худ 13,6% соҳиби дипломи аъло гардиданд. Тибқи тақсимоти фардӣ 46 нафар ба риштаи ординатураи клникӣ ва 290 нафар ба риштаи интернатураи клиникӣ роҳхат ёфтанд.
Моҳи июни соли гузашта бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аввалин бинои хобгоҳи донишҷўёни ДДТХ дар маросими тантанавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Донишгоҳ дар доираи ҳамкориҳо бо Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ барои муҷаҳҳазсозии озмоишгоҳи “Реаксияи занҷиравии полимеразӣ (ПЦР)” бо маблағи умумии 100 000 евро соҳиби таҷҳизот шуд.
Донишгоҳ соли 2022 дар асоси татбиқи бомароми лоиҳаи (SPRING) “Муайян намудани ҳадафҳо ва воситаҳои баҳодиҳии экспертӣ оид ба таҳсилоти тиббӣ), ки дар он 14 донишгоҳи бонуфуз аз 8 давлати қитъаи Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Миёна шомил буданд, узви комилҳуқуқи “Ассотсиатсияи баҳодиҳии экспертии таълими тиббӣ дар Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ” шуд.
Фаъолияти таълимӣ
Дар сатҳи баланд ташкил кардан ва гузаронидани сессияи имтиҳонӣ яке аз омилҳои асосии пешбурди фаъолияти босуботи таълим дар муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ба шумор рафта, нишондиҳандаи асосии фаъолияти донишгоҳ ва яке аз меъёрҳои муайянсозии сатҳу сифати таълим ва дарсомӯзии донишҷӯён ба шумор меравад.
Дар соли таҳсили 2022-2023 ба курси 1-уми се факултети ДДТХ 401 нафар қабул гардидаанд, ки аз ин теъдод 158 нафар (39,5%) ба таври буҷавӣ ва 243 нафар ё худ 60,5% ба тариқи шартномавӣ мебошанд. Аз шумораи умумӣ ба факултети тиббӣ 191 (47,7%) нафар, педиатрӣ 151 (37,5%) нафар ва ба факлутети стоматологӣ 59 (14,8%) нафарро ташкил медиҳад.
Дар Маркази таҳсилоти баъдаздипломии донишгоҳ такмили ихтисос аз рўи 54 барнома ва бозомўзии касбӣ аз рўи 11 барнома, дар маҷмуъ, 65 барнома амалӣ мегардад.
Фаъолияти илмӣ
Корҳои илмӣ-тадқиқотӣ низ дар ин давра аз ҷониби кафедраҳои донишгоҳ таҳким ёфта, дар маҷмуъ олимони донишгоҳ 75 таълифоти илмӣ нашр намуда, соҳиби 5 пешниҳодоти навоварона гаштаанд.
Ҳамзамон, 16 нафар омўзгорон дар 2 конфронси вилоятӣ ва сатҳи ҷумҳуриявӣ ширкат варзида, бо маърўзаҳои илмӣ баромад намудаанд.
Аз ҷониби олимони ҷавон ва донишҷўёни фаъол барои иштирок ва ба нашр расонидани маводҳои илмӣ дар Конфронси байналмилалии Донишгоҳи давлатии тиббии Самарқанд ва дар Конфронси XVII илмӣ — амалии олимони ҷавони ДДТТ ба номи Абўалӣ ибни Сино, ки моҳи апрели соли гузашта баргузор гардида буд, ҳамагӣ 88 мақола ва фишурдаҳо пешниҳод гардидааст. Қайд менамоем, ки имсол олимони ҷавони донишгоҳ дар озмуни ҷумҳуриявии “Илм — фурӯғи маърифат” ширкат намуда, 5 нафар ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд. Аз рўи натиҷаи даври ниҳоӣ дар самти ихтироъкорӣ ДДТХ ба гирифтани ҷойи сеюм мушарраф гашт.
Дар давоми соли ҳисоботӣ корҳои илмию нашриявии донишгоҳ вусъат ёфта, дар ин давра 452 таълифоти илмӣ (371 фишурда ва 81 мақола), 1 ихтироот, 11 пешниҳоди навоварона, 6 дастурамалҳои таълимӣ — методӣ, 4 шумораи маҷаллаи “Симруғ”, 12 шумораи рўзномаи “Пайки Шифо” ва 4 шумораи бюллетенҳои иттилоотӣ нашр шудаанд.
Фаъолияти байналмилалӣ
Фаъолияти равобити байналмилалии донишгоҳӣ низ дар баробари дигар самтҳои фаъолияти донишгоҳ хуб ба роҳ монда шуда, дар соли 2022 дар доираи барномаҳои грантии Эрасмус+ 2 лоиҳа ва 1 лоиҳа аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ ба анҷом расонида шудааст. Аз ҷумла, лоиҳаи «CHILDCA (Баланд бардоштани омўзиши табобати кўдакон ҳамчун модели такмил додани таҳсилоти тиббии баъд аз дипломӣ дар Осиёи Марказӣ)», “SPRING (Муайян намудани ҳадафҳо ва воситаҳои баҳодиҳии экспертӣ оид ба таҳсилоти тиббӣ)» ва лоиҳаи “Рушди таҳсилоти олӣ дар Тоҷикистон” доир ба таъсис ва муҷаҳҳазсозии “Озмоишгоҳи таълимӣ — клникии биохимиявӣ”.
Дар амалӣ шудани лоиҳаҳои мазкур ҳамагӣ 25 нафар омўзгорону кормандон фаъолият намудаанд. Ҳамагӣ 21 нафари онҳо барои таҷрибомўзӣ ва табодули малакаю таҷриба ба давлатҳои Қазоқистон, Италия, Олмон ва Булғористон сафар анҷом додаанд.
Қоидаҳои қабули донишҷӯён
Қоидаҳои қабули ҳуҷҷатҳои донишҷўён ба Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон (ДДТХ) дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», «Қоидаҳои қабули донишҷўён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли таҳсили 2022-2023», “Қоидаҳои қабули донишҷўён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Оинномаи Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон таҳия шудааст.
Довталабон бояд ҳуҷҷатҳои лозимии тасдиқкунандаро дар муҳлати муқарраргардида, пас аз натиҷаи эълони ММТ ба комиссияи қабул пешниҳод намоянд.
НИШОНИИ ДОНИШГОҲ: 735320, н. Данғара, кўчаи И. Шарифов – 3
Комиссияи қабул: Тел.: (83312) 21052, 21029
E-MAIL: [email protected]
WWW.KHATMEDUN.TJ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ