Манижа Самадова

Манижа Самадова: Маро чунон латукӯб мекарданд, ки…

Чанде қабл дар шаҳри Белгради кишвари Сербия Чемпионати ҷаҳон оид ба муҳорибаҳои омехтаи ғайрикасбӣ байни синну соли 18-20 ва ҷамъи 18 ба анҷом расид. Манижа Самадова аввалин духтари тоҷик аст, ки дар ин навъи варзиш соҳиби медали тилло шуд. Манижа 23 июли соли 2003 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Аз овони кӯдаки шавқу ҳаваси беандоза ба варзишу футбол ва теннис сабаб гардид, ки ин духтараки 20-сола ҳамчун аввалин тоҷикдухтар дар ин риштаи варзиш барои Тоҷикистон медали тилло ба даст овард ва саҳифаи наверо дар таърихи варзиши меҳан рақам зад.  

— Манижа, шумо чӣ гуна ба кикбоксинг ворид шудед?

— Волидонам аз даврони кӯдакӣ шавқи маро ба футбол ва варзиш медиданд. Фаъолияти нахустро аз футбол оғоз намуда, баъдан ба тенис ва ба кикбоксингу таэквандо машғул шудам. Вақте ба муҳорибаҳои омехта рӯ овардам, волидонам ба интихоби ман то ҳадде иҷозат диҳанд. Аввалин муҳорибаҳоям дар хурдиам буд.

— Оё аз хонаводаи шумо ягон нафар дар ин самт фаъолият мекунад?

— Танҳо тағоям гоҳ-гоҳе машғул мешаванд. Агар бигӯям, ки нахустин устодам дар оғози фаъолиятҳоям тағоям буданд, хато намекунам. Тамрин бо он кас маро ба варзиш шавқманд мекард.

— Волидайн аз интихоби шумо розиянд?

— Дар 12 солагиам падарам дунёро тарк намуданд. Шояд агар дар қайди ҳаёт мебуданд, барои боз ҳам фаъолиятҳои хуб доштанам, талош мекарданд. Дар аввал наздиконам кӯшиш мекарданд, ки меҳри варзишро аз қалби ман берун созанд, вале ҳама кӯшишҳояшон бенатиҷа буданд. Ин буд, ки маро нахуст ба назди муаллими теннис бурданд. Пас аз муддати кутоҳ ман аз теннис даст кашида, ба назди Мирсаид Яҳёев, устоди кикбоксинг рафта, ба тамрин оғоз намудам. Қаблан дар бораи Мирсаид Яҳёев ва дастпарварони ӯ бисёр шунида будам ва ҳоло хело хушҳол ҳастам, ки ӯ мураббии ман аст. Ҳоло наздиконам аз интихоби ман розиянд.

— Футболро дӯст медоштед ва фаъолиятро аз он оғоз намудед. Чаро онро тарк намудед?

— Ҳар қадаре инсон ба дунёи варзиш ворид мегардад, ҳамон андоза он барояш шавқовару дилнишинтар мешавад. Барои ман тамоми самтҳои варзиш ҷолибият дошт, аз ин рӯ, дар ҳар самт будан мехостам.

— Аз аввалин дастоварди худ нақл кунед?

— Пас аз ба даст овардани натиҷаҳои хуб дар мусобиқоти шаҳрию ҷумҳуриявӣ бори аввал соли 2018 дар Ҷоми кушоди Узбекистон ширкат варзида, аввалин медали тиллои худро аз он ҷо ба даст овардам. Ин нахустин пирӯзии ман дар хориҷ аз кишвар буд. Ногуфта намонад, ки дар он мусобиқа рақибони қавӣ доштам, аммо эътимод ба худ маро муваффақ гардонид.

— Ба «муҳорибаҳои омехта” чӣ гуна майл пайдо намудед?

— Баъди бо медалли тилло аз Ӯзбекистон баргаштан ба худ эътимоди бештар намудам. Аҳли хонавода аз дастовардҳои ман хурсанд шуда, дигар халал нарасонданд. Ҳамсинфонам маро эҳтиром мекарданд, ин муҳаббати маро ба варзиш боз ҳам мустаҳкамтар кард. Пас аз 4 соли тамринҳо дар самти кикбоксинг ман аз хонавода иҷозат пурсидам, то ки дар навъи муҳорибаҳои омехта қувваозмоӣ намоям. Волидонам бо гумони он ки интихоби ман муваққатӣ аст, розӣ шуданд. Ҳамин тавр, пас аз таъсиси Федератсияи муҳорибаҳои омехтаи Тоҷикистон  тасмим гирифтам, ки худро санҷам. Дар аввал хеле душвор буд, баъзан маро чунон лату кӯб мекарданд, ки чанд рӯз атрофи чашмонам сиёҳ мешуд. Шукр, ки модарам дар чунин лаҳзаҳо ҳамеша бо ман буданду дастгирӣ мекарданд.

Чемпионати ММА дар Сербия чӣ гуна сурат гирифт?

— Дар ин мусобиқа Тоҷикистонро се духтар намояндагӣ мекардем. Дар байни 616 варзишгар аз 63 кишвари ҷаҳон варзишгарони мо, байни ҷавонони 18-20-сола ҷойи 2-юм ва миёни варзишгарони калонсол ҷои 3-юмро гирифтанд. Ман дар вазни 65 кило дар даври аввал бо варзишгари Муғулистон қувваозмоӣ карда, ӯро шикаст додам. Дар даври дигар бо варзишгари Сербистон муҳориба кардам ва ӯро низ мағлуб намудам. Дар охир бар рақиби Озарбойҷонии худ қувваозмоӣ намуда, пирӯзиро ба даст овардам.

— Чӣ душвориҳо дорад роҳи варзиш барои як духтар?

— Ягон соҳа бе мушкилӣ нест, вале бояд ирода қавӣ бошад, то таслими ин душвориҳо нагардӣ. Ҳолатҳое мешуд, ки барои дар вазни зиёд дар мусобиқот иштирок карданам, маҷбур мешудам дар як муддати кӯтоҳ вазни худро зиёд намоям. Гоҳи дигар вазни худро кам мекардам. Гоҳе аз муҳорибаҳо захми вазнин мебардоштаму то чанд муддат осори он дар ман боқӣ мемонд. Мезаданд, биниам мешикаст, дастам лат мехӯрд, таги чашмам сиёҳ мешуд. Вале ин як шавқ аст, ки қалбро ором намегузорад. Бо вуҷуди ҳамаи ин, дилам аз пешаи интихобнамудаам сард намешуд.

— Метавонед аз варзиш дур шавед?

— Албатта не! Ман дилбастаю шефтаи пешаи интихобкардаи худ ҳастам, вале медонам, ки дар оянда бояд оила барпо намоям. Рафту шавҳари ояндаам аз фаъолиятам норозӣ бошад, ҳамчун тренер ба омӯзиши кӯдакон машғул шуда метавонам.

— Чун аз оиладорӣ ва интихоби ҳамсар гуфтед, саволе дар зеҳнам омад. Ҷавоне дар роҳ ба шумо дағалӣ намояд, чӣ гуна посух медиҳед?

— Ростӣ, ин гуна ҳолатҳо зиёд рух медиҳад. Замони хурдӣ ба ҳар нафар озодона ҷавоб медодам. Аммо имрӯз шарм мекунам ба ҷавонон даст бардорам. Агар беш аз ҳад ба асабам расанд, маҷбурам бо мушт ҷавоб диҳам.

— Дар оянда чӣ нақша доред?

— Нақшаҳо зиёданд. Ба Донишгоҳи тарбияи ҷисмонӣ дохил шудан мехоҳам. Ният дорам, ки дар дигар мусобиқаҳои байналмилалӣ ба натиҷаҳои баланд ноил гардида, номи худ ва Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳон боло бардорам.

Мусоҳиб: Сумани УБАЙДУЛЛО

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *