Баъди Эрон Туркия. Оё Толибонро ба расмият мешиносанд?

Консулгарии Афғонистон дар Истамбул ба намояндагони Толибон* супорида шуд ва фиристодаи ин гурӯҳ аллакай корро оғоз кардааст. Дар ин бора хабаргузории “TOLOnews” бо такя ба Вазорати корҳои хориҷии Афғонистон иттилоъ медиҳад.

Ба гуфтаи манбаъ, дар ин бора Зиё Аҳмад Такал, муовини сухангӯи сарпарасти Вазорати корҳои хориҷии Афғонистон иттилоъ дода, гуфтааст, ки “аз рӯзи душанбе дипломатҳои Вазорати корҳои хориҷӣ дар Истамбули Туркия ба кори худ расман оғоз карданд”.

“Пас аз ин, дар баробари фаъолиятҳои дипломатӣ бо Туркия, талошҳо барои ироаи хадамоти консулгарӣ ба шаҳрвандони ин кишвар сурат хоҳад гирифт”,- афзудааст масъули Толибон.

“TOLOnews” бо такя ба андешаи коршиносони хеш менависад, ки “Толибон аз ин роҳ тағйирот ҷорӣ мекунанд, тағйироти воқеӣ на, танҳо ба таҳкими низоми бароҳмонда, ҳамчунин, ба расмӣ ва ниҳодӣ шудани Иморати Исломӣ замина мегузоранд”.

Гуфтан бамаврид аст, ки то кунун ҳеҷ кишваре Толибонро ба расмият намешиносад, аммо қаблан шуморе аз кишварҳо чун Русия, Покистон, Чин, Эрон ва Туркманистон сафорат ва консулгариҳои Афғонистонро ба намояндагони Толибон дода буданд.

Охири ҳафтаи гузашта Сафорати Афғонистон дар Теҳрон низ ба намояндагони Толибон супорида шуда, сафири навтаъйини ин гурӯҳ расман корашро дар Эрон оғоз карда буд.

Аз сӯи дигар, ҳоло аксари сафоратхонаҳои Афғонистон дар кишварҳои хориҷӣ таҳти назорати дипломатҳои ҳукумати қаблӣ қарор доранд.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *