Донишҷӯёни тоҷик пас аз 6 моҳи омӯзиши забони кореягӣ ба Корея мераванд

Аз 10 ноябр дар Душанбе омӯзиши ройгони забони кореягӣ барои донишҷӯён оғоз мешавад. Пас аз 6 моҳ онҳо имкони таҳсил ва кор дар Кореяро пайдо мекунанд.

Дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Тоҷикистон мулоқоти раиси кумита, академик Фарҳод Раҳимӣ, бо Президенти Донишгоҳи Лифти Корея Ҳюнсук Ли баргузор шуд.

Академик Фарҳод Раҳимӣ таъкид кард, ки таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ пояи асосии омодасозии мутахассисон аст. Барои рушди иқтисод, саноат, кишоварзӣ ва соҳаҳои хизматрасонӣ нақши муҳим дорад. Инчунин, ӯ ба дастовардҳои соҳа, аз ҷумла таҷдиду навсозии муассисаҳои таълимӣ ва бунёди коллеҷу литсейҳои нави касбӣ ишора намуд.

Дар доираи мулоқот тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки аз 10 ноябр дар Литсейи касбии техникии сохтмони шаҳри Душанбе ва Коллеҷи технологии Душанбе омӯзиши ройгони забони кореягӣ оғоз меёбад. Дарсҳо 6 моҳ идома карда, баъди он довталабон имкони таҳсил дар Донишгоҳи Лифти Корея ва фаъолият дар бозори меҳнати ин кишварро хоҳанд дошт.

Ҳамзамон, Ёддошти тафоҳум байни Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Тоҷикистон ва Донишгоҳи Лифти Корея имзо шуд. Ҳадафи он ҷалби донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, таъсиси Маркази омӯзиши забони кореягӣ дар кумитаи мазкур ва Маркази тайёркунии муҳандисони лифт дар Тоҷикистон мебошад. Гуруҳи аввали донишҷӯёни тоҷик дар ҳайати 8 нафар моҳи декабри соли равон ба Корея сафар мекунанд ва дар оянда теъдоди онҳо афзоиш меёбанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *