Тоҷикистонро 4 рӯз чангу ғубори шадид фаро мегирад
Аз 31 октябр то 3 ноябр дар як қатор минтақаҳои Тоҷикистон, аз ҷумла шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе ҳолати ҳаво бад мешавад.
Сабаб тӯфони чангу ғубор мебошад, ки аз самтҳои ҷануб, ҷанубу ғарб ва ғарб ба кишвар ворид мешавад.
Атмосфераро зарраҳои майдаи овезон, аз ҷумла зарраҳои то 10 микрометр (PM-10) ва то 2,5 микрометр (PM-2,5) фаро мегирад. Мутахассисон ба шаҳрвандон тавсия медиҳанд, ки аз гаштугузори тӯлонӣ дар кӯчаҳо ва хусусан дар наздикии роҳҳои мошингард худдорӣ намоянд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ