ДСРТ роҳи нави рушдро интихоб кард

Роҳбарияти Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия ҷиҳати баланд бардоштани сифати таҳсил, татбиқи усулҳои муосири таълим ва тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ тадбирҳои пайдарпай меандешад.

Илҳомуддин Иброҳимзода, ректори Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия имрӯз, 27 январ зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт, ки ҳадафи асосии роҳбарияти донишгоҳ ҳамқадами замон будан ва мунтазам баланд бардоштани сатҳу сифати таълим мебошад.

Ба гуфтаи ӯ, барои ноил шудан ба ин ҳадафҳо таъмин намудани базаи моддӣ-техникии муосир ҷиҳати гузаронидани таҷрибаомӯзиҳо, тадқиқотҳои илмӣ, дарсҳои амалӣ ва фаъолияти озмоишгоҳҳо аҳамияти калидӣ дорад.

“Ин масъалаҳо дар доираи нақша-чорабиниҳои таҳияшуда дар сатҳи донишгоҳ марҳила ба марҳила амалӣ мегарданд”,-гуфт номбурда.

Ректор таъкид намуд, ки фаъолияти ДСРТ асосан ба баланд бардоштани сифати таҳсил, рушди иқтидори илмӣ, таҳкими ҳайати кадрӣ ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ равона гардидааст.

«Ҳамаи самтҳои фаъолият дар донишгоҳ барои мо ҳамоно афзалиятнок ва ба ҳамдигар вобастаанд»,- иброз дошт Илҳомуддин Иброҳимзода.

Ҳамчунин, иттилоъ дода шуд, ки дар назар аст фаъолияти парки техникии назди донишгоҳ такмил ёфта, дар назди он коргоҳҳои истеҳсолӣ таъсис дода шаванд. Ин иқдом имкон медиҳад, ки донишҷӯён таҷрибаҳои амалиро мустақиман дар муҳити истеҳсолӣ гузаранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *