Тағйироти кадрӣ дар дастгоҳи Президент

Анвар Сафарзода Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа таъин шуд.

Номбурда имрӯз, 27 январ бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ин вазифа таъин гардид.

Анвар Сафарзода дар мансаби нав Абдулло Раҳмонзодаро, ки чанде пеш аз ин вазифа озод ва муовини раиси вилояти Хатлон дар бахши идеология таъин шуда буд, иваз кард.

Анвар Сафарзода то ин вақт сардори раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Ҳамчунин, профессори кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва муқовимат бо коррупсия дар факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад.

Вай соли 2007 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо баҳои аъло хатм карда, дараҷаи илмии доктори илмҳои ҳуқуқ ва унвони профессор дорад. Донандаи забонҳои русӣ ва англисӣ буда, соҳиби якчанд мукофотҳои давлатӣ ва соҳавӣ, аз ҷумла Ҷоизаи давлатии Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон ва нишони «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад.

Анвар Сафарзода оиладор буда, соҳиби чор фарзанд мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *