ДТТ барои идораи тайёраҳои бесарнишин мутахассис омода мекунад

Донишгоҳи технологии Тоҷикистон мутахассисон-идоракунандагони тайёраҳои бесарнишин омода менамояд. Ҳоло аз рӯи ин ихтисос 21 донишҷӯ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Дар ин хусус 28 январи соли равон зимни нишасти матбуотӣ Зоир Раҳмонзода, ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон иттилоъ дод.

Дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дода шуд, ки айни замон дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон 8 факултет,  20 кафедра ва 4 марказ, инчунин филиали донишгоҳ дар шаҳри Исфара ва Литсейи инноватсионии «Душанбе» фаъолият доранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *