Ошкори 228 ҷинояти коррупсионӣ дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон

Дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтари вилояти Хатлон дар соли 2025 228 ҳолати ҷиноятҳои коррупсионӣ ошкор гардидааст.

Дар ин бора сардори Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи  Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар Шараф Аввазодда зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Ба гуфтаи ӯ, дар натиҷаи ин ҷиноятҳо ба давлат беш аз 4 миллион сомонӣ зарари молиявӣ расонида шудааст.

Ҳамчунин, зикр гардид, ки вобаста ба ҳолатҳои ошкоршуда 135 парвандаи ҷиноятӣ нисбати 146 нафар таҳқиқ шуда, барои баррасӣ ба суд ирсол гардидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *