Санъат Раҳимзода аз хатарҳои кор дар нақбҳо гуфт
Санъат Раҳимзода, сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар соҳаи саноат ва куҳкории назди Ҳукумати Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки аксари шаҳрвандони хориҷие, ки ҳангоми фаъолият дар корхонаҳои саноатии кишвар ба ҳалокат расида ё ҷароҳат бардоштаанд, шаҳрвандони Чин мебошанд.
Ба гуфтаи ӯ, сабаби асосии зиёд будани ин омор, пеш аз ҳама, шумораи бештари шаҳрвандони Чин дар корхонаҳои саноатии Тоҷикистон аст. Ҳамчунин, онҳо аксаран дар шароити хатарнок, аз ҷумла дар нақбҳо ё дар ҳолати риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ба фоҷиа дучор шудаанд.
Санъат Раҳимзода афзуд, ки соли гузашта дар маҷмуъ 40 нафар ҳангоми кор дар корхонаҳои Тоҷикистон ба ҳалокат расидаанд. Аз ин шумора панҷ нафар шаҳрвандони хориҷӣ буда, боқимонда шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд. Ҳамчунин, дар ин давра 27 нафар ҷароҳат бардоштаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ