211 миллион сомонӣ қарзи об ва 74 миллион сомонӣ қарзи барқ дар Хатлон

Раёсати давлатии беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилояти Хатлон аз ҳаққи истифодаи барқ беш аз 74 миллион сомонӣ қарздор аст. Ин дар ҳолест, ки қарзи ҳаққи хизмати обрасонӣ зиёда аз 211 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Иззатулло Хоҷазода, сардори Раёсати мазкур имрӯз, 29 январ дар нишасти хабарӣ гуфт, ки пардохти ҳаққи хизмати обрасонӣ дар соли 2025 беш аз 41 миллиону 903 ҳазор сомониро ташкил дод. Вай афзуд, феълан бақияи қарз зиёда аз 211 миллиону 450 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ба таъкиди вай, сабаби қарздорӣ аз нозироти андоз ва неруи барқ пурра пардохт нагардидани ҳаққи истифодаи хизмати обрасонӣ мебошад.

Ҳамзамон, идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилояти Хатлон аз ҳаққи истифодаи неруи барқ 74 миллиону 167 ҳазору 400 сомонӣ қарздоранд. Бақияи қарз аз нозироти андоз бошад, наздики 33 миллиону 330 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *