Ду бозигари «Ҳосилот» дастбагиребон шуданду 1:1 карданд

Бозии «Ҳосилот»-и Фархор бо футболбозони  «Регар-ТадАЗ» дар даври 11-уми Чемпионати Тоҷикистон бо натиҷаи мусовиаш нею бо дастбагиребон шудани аъзои даста Сафаралӣ Каримов ва легионер Содиқ Мусо, дар хотири мухлисон нақш баст.

Бозии мазкур дар Варзишгоҳи марказии  Фархор баргузор шуда, пас аз задании голҳои Шодибек Ғаффоров (меҳмон) ва Комрон Турсунов (мизбон) 1:1 ба анҷом расид.

Дар қисми дуюми бозӣ сардовар муҳофиз Сафаралӣ Каримов ва легионери ганагии фархориҳо Содиқ Мусоро барои муноқишаи байниҳамӣ аз майдон берун кард.  Соҳибони майдон дар натиҷа 35 дақиқа 9 нафар ба рақобати шадиди турсунзодагиҳо тоб оварда, соҳиби як хол шуданд.

Даври 11-ум 25 май бо дидори дастаҳои  «Истиқлол» ва «Хуҷанд» ба фарҷом мерасад. Бозии мазкур соати 20.00 дар  Варзишгоҳи марказии  шаҳри Душанбе доир мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *