Ду садамаи марговар дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ

Рӯзи 4 октябр тахминан соати 02:00, Акрамҷон Ашурови нафақахур, ронандаи автомашинаи тамғаи «Лада-Калина», сокини ноҳияи Шаҳринав, ҳангоми ҳаракат аз самти вилояти Суғд ба самти ш.Душанбе, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Зидеҳи ноҳияи Варзоб аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба тарафи рости роҳ чаппа шудааст.

Дар натиҷа, худи ронанда ва ҳамсараш Рӯзигул Одинаева, соли таваллудаш 1961, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Мусофири дигари автомашинаи мазкур Меликов Суҳроб Рустамович, соли таваллудаш 1990, сокини шаҳри Турсунзода, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

Рӯзи 6 октябр Толибҷон Усмонови 24-сола, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Зафира», сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ҳангоми ҳаракат дар роҳи нақлиётгарди «Душанбе-Хуҷанд-Чанок», дар болои пули ҳудуди ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба муқобили ҳаракати роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра», таҳти идораи Қаландаров Абдуқаҳҳор Валиевич, соли таваллудаш 1981, сокини ноҳияи Б.Ғафуров, бархӯрдааст.

Дар натиҷа, ронандаи «Опел-Вектра» Қаландаров ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Мусофири автомашинаи тамғаи «Опел-Зафира» Мубинҷон Ҳомидови 22-сола, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ гардидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *