Духтарчаи 13-сола гум шуд

Сабрина Раҷабова, сокини 13-солаи ноҳияи Шоҳмансури Душанбе дар роҳ ба мактаб бедарак шудааст.

Нусратулло Аминов, яке аз наздикон имрӯз, 12 сентябр дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, Сабрина 6-уми сентябр соати 12:30 дақиқа аз хона баромада, бедарак шуд: “Гуфт ба мактаб меравам. Ба гуфтаи ҳамсинфи апааш ӯро бори охир, ҳамон рӯз соати 16:00 дар назди мактаб дидаанд”.

Аминов мегӯяд, Сабрина Раҷабова хонандаи синфи 6-и мактаби рақами 23-и ноҳияи Шоҳмансур буда, дар кӯчаи Дилшоди Барно, хонаи 67-и ноҳияи Шоҳмансур истиқомат мекардааст: “Дар тан либосҳои мактабӣ дошта, дар сар рӯймоли сиёҳ, ҷузвдони ҷинсӣ ва пойафзоли “макасин”-и кабуд дошт”.

Наздикони Сабрина аз афроде, ки ӯро дидаанд, ё дар борааш маълумот доранд, хоҳиш доранд, ки тариқи рақамҳои 907 18 48 24 ва ё 905 35 94 94 хабар диҳанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *