Духтаре худро ба дарёи «Душанбенка» партофт…

Имрӯз, 5-уми феврал, тақрибан соати 15:00 духтаре худашро аз болои пули назди бинои «Шарқи Озод» (ГЖК)  ба дарёи «Душанбенка» партофтааст. Дар ин бора Завқибек Саидаминӣ, корбари шабакаи иҷтимоии Фейсбук дар сафҳаи худ навиштааст.

Тавре Завқибек менигорад, ҳамагӣ дар чанд дақиқа, бо кӯмаки як гурӯҳ ҷавонон ин духтар бароварда шуда, ба дасти кормандони  «Ёрии таъҷилӣ» супорида шуд. Воқеан ҳам, ҷавонон хеле фаъол буданду ҳам мошини «Ёрии таъҷилӣ» хеле зуд расид.

Ҳарчанд об дар дарё ба дараҷае нест, ки одамро бубарад, вале шояд аз зарбаи афтодан аз баландӣ беҳол буд. Духтар тахминан 25-28 –сола  менамуд ва рангӯ рӯяш сафед буду каме дастонаш шахшуда ба назар мерасид”, — навиштааст Завқибек.

Айни ҳол шахсияти духтаре, ки талоши худро ба марг расонидан дошт, маълум нест.  

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *