Духтарфурӯш ба даст офтод

Як зани 32-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони ташкили фоҳишахона дастгир шуд. Вазорати дохила мегӯяд, ин зан рӯзи 12 сентябр дар манзилаш дар кӯчаи Б.Ғафуров барои алоқаи ҷинсии як духтари 18-сола ва як марди 27-сола «шароит фароҳам оварда, аз онҳо 400 сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.”

Аз навори хабарҳои рӯзи 13 сентябри маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон:

Ташкили фоҳишахона ба хотири даромади муфт

Зимни доир намудани чорабинҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия зани 32-солаи сокини пойтахтро бо гумони ташкили фоҳишахона дастгир намуданд.

Гумонбаршуда рӯзи 12-уми сентябри соли 2017, тахминан соати 15:30-дақиқа, хонаи истиқоматиаш, воқеъ дар кӯчаи Б.Ғафурови шаҳри Душанберо ба шаҳрвандон: ҷавондухтари 18-сола ва марди 27-солаи сокинони пойтахт барои алоқаи ҷинсӣ намудан шароит фароҳам оварда, аз онҳо 400-сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.
Нисбат ба ин далел парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, корҳои тафтишотӣ идома дорад.

                      Сайди ғайриқонунии моҳӣ

Рӯзи 12-уми сентябри соли 2017, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ аз ҷониби кормандони Шуъбаи милитсия оид ба масъалаҳои экологии Вазорати корҳои дохилӣ автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», ки ба марди 31-солаи сокини шаҳри Ҳисор тааллуқ дошт, боздошт гардида, 5 нафар сокинони аз 31 то 38-солаи шаҳри Ҳисор ҳамчун гумонбар дар сайди ғайриқонунии ҳайвоноти обӣ, яъне моҳӣ дастгир карда шуданд.

Номбурдагон аз дарёи Кофарниҳон, воқеъ дар ноҳияи Қубодиён, ҷамоати деҳоти Тахти Сангин, деҳаи Ҳаваскор бо усули худсози барқӣ (электроудочка) ба сайди ғайриқонунии моҳӣ машғул шуда, ба табиат зарар расонидаанд.

Зимни азназаргузаронии автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», аз дохили нақлиёт 2 қаиқи резинӣ бо чӯб барои нишаст, 2-адад ҳалқаи тури худсоз бо дастачӯбаш, 4-адад дастак барои идора намудани қаиқҳо ва 1862-адад моҳӣ, аз инҳо: 1808-адад ширмоҳӣ ва 54-адад симмоҳии шарқӣ, дар маҷмӯъ 92 килограмм моҳӣ дарёфт ва мусодира карда шуд.

Мутобиқи санад ва хулосаи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон номбурдагон 93 ҳазору 100 сомонӣ ба табиат зарар расонидаанд.

Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Мавриди қайд аст, ки аз аввали сол то ба имрӯз аз ҷониби кормандони Шуъбаи милитсия оид ба масъалаҳои экологии Вазорати корҳои дохилӣ 8 тонна моҳӣ аз шахсоне, ки ба интиқоли ғайриқонунӣ ва сайди ғайриқонунии моҳӣ машғул буданд, дарёфт ва мусодира карда шудааст.

Дарёфт ва мусодираи санги «Ёқут”

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия дар ноҳияи Мурғоб марди 35-солаи сокини деҳаи Ақсуи ҳамин ноҳия ҳамчун гумонбар дар муомилоти ғайриқонунии сангҳои қимматбаҳо дастгир карда шуд.

Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз ӯ 18-грамму 42-милиграмм санги қимматбаҳои «Ёқут”, дарёфт ва мусодира гардид.
Аз рӯи ин қазия парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида тафтишот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *