Духтари “Шашмақом”. Достони фарзанди Барно Исҳоқова — София Бадалбоева

Барно Исҳоқова. Номи ин нобиғаи бузурги “Шашмақом” солиёни зиёдест, ки дар қалби алоқмандони мусиқӣ ҷой гирифта, хизматҳои ӯ дар таърихи санъати тоҷик бо ҳарфҳои заррин сабт шудааст. Вале кам касон медонанд, ки аз Барно Исҳоқова на танҳо сурудҳои ҷовидона, балки София Бадалбоева ном духтари ҳунарманд ва сарояндаи соҳибсабки “Шашмақом” низ боқӣ мондааст. Достони зиндагии София Бадалбоеваро, ки 16-уми ноябри соли равон дар шаҳри Тел-Авиви Исроил 75-солагии мавлудашро таҷлил мекунад, якҷо мехонем.

Кимиёи саҳна

Ман дар муҳити сарояндагию мусиқӣ ба воя расидаам. Ҳофизони машҳур, шоирон ва навозандагон дар хонаи мо ҷамъ шуда, маҳфилҳо баргузор менамуданд ё бо модарам сурудҳои навро тамрин мекарданд. Бе маҳфилҳои хос низ ҳар субҳ модарам — Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Барно Исҳоқова як ё ду соат машқи овоз мекарданд ва сурудҳои нодири “Шашмақом”-ро месароиданд. Ҳамин аст, ки аз овони кӯдакӣ ба мусиқӣ дил бастам ва месароидам. Бо гузашти солҳо овозам сайқал ёфтаву дар фикри он будам, ки баъди хатми мактаб ба Донишкадаи санъат ҳуҷҷат месупорам, вале… Падару модарам монеъ шуданд. Гуфтанд, ки бори ҳунарпешагӣ сангин аст ва ту бояд касби дигарро интихоб кунӣ. Ман розӣ шудам, зеро азобу уқубатҳои модарамро медидам. Он солҳо ӯ зиёд ба сафарҳои ҳунарӣ мерафт ва хеле хаста бармегашт. Мо аз меҳри ӯ сер намешудем.

Возможно, это изображение один или несколько человек

Мардум Барно Исҳоқоваро дар саҳна дида, мафтун мешуданд, вале дарк намекарданд, ки пушти ин шуҳрат чӣ қадар заҳмат меистад.  Мегуфт: “Роҳи ҳунар барои зан сахт аст. Дар кӯдакӣ ятим монда ва дар ятимхона ба воя расидам. Таҳсилоти олӣ надоштам. Дар зиндагӣ азоб кашидам. Ту хон, соҳибмаълумот шав”. Бинобар ин, ман розӣ шудам ва чун ба фанни кимиё завқ доштам, ба факултаи кимиёи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ҳуҷҷат супорида, донишҷӯ шудам.

Гапи модарам шуд. Вақте ба Исроил ҳиҷрат кардам, ин тахассус ба ман зарур шуд. Беш аз 20 сол дар як ширкати хӯрокворӣ ба ҳайси ташхисгар кор карда, бознишаста шудам. Яъне аз пушти ин касб нон хӯрдам…

Муҳоҷират

Дар Тоҷикистон бисёриҳо ақида доранд, ки яҳудиён нооромии Тоҷикистонро аз қабл медонистанд, бинобар ин пеш аз ҷанги шаҳрвандӣ кишварро тарк карданд. Вале ин тавр нест. Ман ҳатто тасаввур намекардам, ки дар Тоҷикистон нооромӣ мешаваду дар натиҷа ҳама яҳудиён кишварро тарк мекунанд. Агар пешомадро медонистам, падару модарам ва оилаи бародарамро низ меовардам, зеро онҳо баъди 3 соли ман тарки Тоҷикистон карданд.

Ман соли 1989 қабл аз оғози нооромиҳо дар Тоҷикистон ба Тел Авив кӯчидам. Хонаводаи шавҳарам Юсуф Кайков дар Исроил зиндагӣ мекарданд. Падару модари шавҳарам пир шуда, ба кумаку парасторӣ ниёз доштанд. Бинобар ин, мо ба Исроил кӯчидем. 

Ғариб дар Ватани худ

Солҳои аввал дар Исроил азоб кашидем. Ба забони ибрӣ ҳарф зада наметавонистам. Кор ёфтан низ душвор буд. Вале Ҷамъияти яҳудиҳои бухороӣ, ки аз солҳои 70-ум аз тарафи яҳудиёни аз Осиёи Марказӣ ба Исроил рафта созмон ёфта буд, ба ман кумак кард. Ҷамъияти яҳудиёни бухороии Исроил беш аз 250 ҳазор нуфус дорад. Онҳо бо забони тоҷикӣ бо мо гуфтугӯ карда, барои мо кор ҷустанд. Ҳамин тавр, оҳиста-оҳиста ҷузъи ҷомеаи Исроил шудем.

Ворид шудан ба ҷомеаи Исроил барои фарзандонам низ душвор буд. Бинобар ин, онҳо низ азият кашиданд. Зеро низоми маорифи Исроил фарқ дошт. Вале ду духтари ман ҳамаи душвориҳоро пушти сар карда, донишгоҳи пизишкиро хатм карданд ва имрӯз ҳар ду табиби шинохта мебошанд.

Барно дар ёди Ватан

Баъд аз оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон модарам — Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Барно Исҳоқова низ маҷбур шуд тарки Ватан кунад. Муҳоҷират барои модарам сахт буд. Куҳансол буд, тавони омӯзиши забони ибриро надошт. Ба иллати заъфу беморӣ дар дастаи ҳунарӣ ё театр кор кардан низ барояш мушкил буд. Муҳити қаблӣ дар Тоҷикистонро пазмон мешуд. Ёди ҳамкорону шогирдонро мекард.

Ӯро дарк карда мешавад. Як шахсияти бузургу шинохтаи Тоҷикистон буд. Вале вақте Исроил омад, як зани бознишастаи хонашин шуд.

Барои ӯ дур шудан аз маҳофили адабию ҳунарӣ ва шогирдон сахт буд. Зеро ӯ 50 сол гули сари сабади маҳфилҳову маҷлисҳои Тоҷикистон буд.

Модарам то поёни умр ба муҳити Исроил мутобиқ нашуд. Орзу дошт, ки бори дигар Тоҷикистонро бубинад. Вале ба орзуяш нарасид. Ҳис мекардам, ки дар қалбаш умедвор буд, ки рӯзе барои ҳамеша ба Тоҷикистон бармегардад, вале…

Моҳи сентябри соли 2001 меҳри Тоҷикистон дар қалб ва номи Душанбе дар забонаш ин дунёро падруд гуфт.

Ҳунар

Банда, бо вуҷуди хатм кардани факултаи кимиё, боз ҳам ба роҳи санъат рафтам. Дар ансамбли “Шашмақом” фаъолият карда, дар Тоҷикистон ҳамчун сароянда машҳур шудам. Мардум маро ҳурмат мекарданд, дӯст медоштанд, вале чӣ илоҷ, ки қисмат маро аз Тоҷикистон ҷудо кард. Баъди ба Исроил омаданам низ бекор набудам. Санъат ҳамеша бо ман буд. Мо бо дастгирии яҳудиёни Бухоро дастаи ҳунарии «Наво» ва як театр таъсис додем. Аъзои дастаи мо ҳунарпешаҳое буданд, ки дар солҳои мухталиф аз Тоҷикистону Ӯзбекистон ба Исроил ҳиҷрат карда буданд. Масалан, Саъдӣ Хайимов, собиқ мусиқинавози Филармонияи давлатии Тоҷикистон, Эдуард Завлонов, раҳбари пешини дастаи ҳунарии «Лола»-и Тоҷикистон, Юсуф Кайков, собиқ ҳунарпешаи дастаи ҳунарии «Шашмақом»-и Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон, Сулаймон Тахалов, мусиқишинос аз шаҳри Тошканди Ӯзбекистон, Валерий Сасонов, кларнетнавози пешини дастаи ҳунарии «Гулшан»-и Тоҷикистон ва Артур Хоҷаев, собиқ доиранавози дастаи ҳунарии «Бонувони рубобнавоз»-и Тоҷикистон аъзои дастаи ҳунарии «Наво» буданд. Бархе аз олам рафтанд, вале санъати “Шашмақом” ва мусиқии тоҷикӣ дар Исроил равнақ дорад. Умдатан, мо таронаҳои классикӣ, аз ҷумла сурудҳои «Шашмақом»-ро месароем.

Банда ҳам тӯли ин солҳо пайваста кори ҳунарӣ мекунам. Чанд албоми таронаҳоямро таҳия кардам. Ҳамчунин, 14 суруди модарамро, ки омода шуда, аммо сабт нашуда буд, худ сароида, албоми алоҳида нашр кардам.

“Шашмақом” дар хуну ҷони мост ва мо онро ҳифз мекунем ва ба шогирдон мерос мегузорем. Ифтихор мекунам, ки яҳудиёни бухороӣ забони тоҷикӣ, суруди тоҷикӣ ва “Шашмақом”-и тоҷикиро ҳифз карданд. Феълан дар Амрико низ мақомсароёни номвар ҳастанд…

Амонулло Ҳукумов, собиқ раиси Роҳи оҳани Тоҷикистон

Орзуи наздикӣ бо Тоҷикистон

Бори охир соли 2012 ба Тоҷикистон рафта будам. Ин сафари мо — як гуруҳ ҳунармандони яҳудӣ бо маблағгузории Амонулло Ҳукумов — раиси Роҳи оҳани Тоҷикистон иттифоқ афтод. Моро дар Тоҷикистон хуш истиқбол карданд. Аз дараи Ромиту Варзоб нафас кашида, аз тамошои Душанбе лаззат бурдам.  

Ба Хонаи Радио рафта, ҳамкорони собиқро дидам. Ба Консерваторияи миллӣ ва Филармонияи давлатӣ даъват шудам. Бо аъзои дастаи ҳунарии «Бонувони рубобнавоз» мулоқот доштам. Дар ин дидорҳо дар бораи ҳамкориҳои оянда суҳбат кардем. Мо мехоҳем гуруҳҳои ҳунарии Тоҷикистонро ба Исроил даъват кунем. Худамон бо сафари ҳунарӣ ба Тоҷикистон омада, консерт баргузор кунем. Вале ин ҷо як мушкил ҳаст. Дар Исроил консулгарии Тоҷикистон ва дар Тоҷикистон консулгарии Исроил нест. Ҳамин аст, ки равуои мо душвор аст. Агар ҳамин мушкил ҳал шавад, робитаи фарҳангии мо хуб мешавад ва мо ба Ватанамон — Тоҷикистон озод равуо мекунем. Тақозои мо зиёд нест. Пайванд бо Тоҷикистон орзуи ҳамешагии мост.

Одил НОЗИР

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.