Душанбе мизбони Чемпионати Осиёи Марказӣ мешавад

Аз 5 то 12-уми август дар шаҳри Душанбе Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) байни дастаҳои ҷавонони то 19-сола баргузор мешавад. Панҷ дастаи мунтахаб барои унвони беҳтарин тими минтақа мубориза мебаранд.

Дар Чемпионати CAFA-2022 байни дастаҳои ҷавонони то 19-сола дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон, Эрон, Ўзбекистон, Қирғизистон ва Афғонистон ширкат мекунанд.

Дар маҷмуъ, дар доираи чемпионат даҳ бозӣ баргузор мешавад. Ҳама вохўриҳо дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир мегарданд.

Тибқи низомнома Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ байни ҷавонон аз рўйи системаи даврӣ дар як марҳила баргузор мешавад. Дастаи ғолиб аз рўйи шумораи бештари холҳо муайян мегардад. Дастаи Тоҷикистон, ки дар даври аввал озод аст, бозии аввалашро рўзи 6-уми август бо дастаи Афғонистон мегузаронад. Сипас, 8-уми август бо Қирғизистон вомехўрад. Дар даври 4-ум бо Ўзбекистон мубориза мебарад ва дар охир бо Эрон қувва месанҷад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *