Душанбе-Сургут-Душанбе хатсайри нави «Тоҷик Эйр»

Ширкати ҳавоии «Тоҷик Эйр» гуфт, ки шурӯъ аз 3 декабри соли равон парвозҳо дар хатсайри Душанбе-Сургут-Душанбе оғоз мешавад. Парвозҳо дар ду ҳафта як маротиба — рўзҳои якшанбе тавассути ҳавопаймои навъи Боинг 737-300 сурат мегиранд.

Арзиши чипта 1856 сомонӣ ё тахминан 230 доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Шаҳру манотиқи Русия макони кору даромади садҳо ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон дар солҳои истиқлолияти ин кишвар шудааст ва бештари тоҷикистониҳо маҳз тавассути роҳҳои ҳавоӣ талош мекунанд ба нуқоти мухталифи ин кишвар бирасанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *