Дуздии барқ   дар Хатлон аз ҷониби кормандони соҳаи барқ

 Агентии назорат дар соҳаи барқ, аз ошкор гардидани ду ҳолати дуздии барқ дар зеристгоҳҳои барқии ноҳияҳои Ҳамадонӣ ва шаҳри Ваҳдат хабр додааст.

Ба навиштаи манбаъ, корманди шабакаҳои барқии ноҳия Ҳамадонӣ ва устои таъмиркор дар зеристгоҳи “Явроз”-и шаҳри Ваҳдат ба хонаҳояшон ноқил кашида бе ҳисобкунанк барқро истифода мекардаанд.

Таъкид мешавад, ки алайҳи қонуншиканҳо барои пардохти зарар протоколи маъмурӣ тартиб дода шуд.

Дар Тоҷикистон дуздии нерӯи барқ ҳамчун қонуншиканӣ эътироф мешавад ва барои он ҷавобгарии маъмурӣ ё ҷиноятӣ пешбини шудааст. Дар ҳолати ошкор шудани дуздии барқ вобаста ба зарари расонида ҷарима ва ё аз озоди маҳрум карда мешаванд.

 Айни чунин ҳолати дузии барқ аз ҷониби кормандони шабакаи барқ дар вилояти Суғд низ ошкор гарда буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *