Намояндаи Эрон дар СММ  амали Амрико нисбати Венесуэларо маҳкум кард  

Намояндаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Созмони Милали Муттаҳид  Амир Саид Ирвонӣ бо баёноти тунде аз амалҳои охирини Иёлоти Муттаҳида танқид кард.

Дар баёноти расмӣ таъкид шудааст, ки “Амрико бояд барои ҳама гуна шиддату таназзулоте, ки ба вуҷуд меоянд, масъулияти пурраро ба зимма гирад”.

Дипломати эронӣ таҳдидҳои президенти Амрикоро нисбат ба Теҳрон нақзи возеҳи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва СММ хонд.

Дар бахши дигари баёнот, амалиёти ҳарбии Вашингтон ба Венесуэла ва боздошти раиси ҷумҳури ин кишвар ҳамчун амали “террористии давлатӣ” тавсиф кард.

Эрон дар поёни изҳороташ зикр кардааст, ки барои ҳифзи истиқлол ва амнияти миллии худ аз ҳуқуқи қонунии дифоъ истифода хоҳад кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *