Дар Тоҷикистон тасдиқи электронии шаҳодатномаи никоҳ амалӣ гардид

 Аз 5-уми январи соли ҷорӣ шаҳрвандони Тоҷикистон имкони тасдиқи аслияти ҳуҷҷатҳои оилавии худро тавассути интернет ба даст овардаанд. Ин маълумотро Вазорати адлияи кишвар эълон кард.

Мувофиқи низоми нав, дигар ниёзе ба муроҷиати шахсӣ ба идораҳои давлатӣ барои тасдиқи ҳуҷҷатҳо нест.

Механизми корӣ чунин аст: пас аз қабули маълумотномаи вазъи оилавӣ аз шуъбаҳои сабти ҳолати шаҳрвандӣ дар шаҳру ноҳияҳо, шахс метавонад ба портали электронии Вазорати адлия дохил шуда, тасдиқномаро фаъол созад.

Барои ин кор дар саҳифаи махсуси “Маълумотнома — тасдиқи аслияти вазъи оилавӣ” маълумоти дархостшударо ворид кардан зарур аст. Системаи тасдиқ аз рамзи QR- код истифода мебарад.

Ин навоварӣ раванди идоравии ҳуҷҷатҳои шахсиро осонтар мегардонад ва вақти шаҳрвандонро сарфа мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *