Эй фаромўшӣ, куҷоӣ, то ба фарёдам расӣ!? Чаро талаботи КОА риоя намешавад?

Бо сиёсати маънавибунёду маънавигарои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистони соҳибистиқлол пояҳои ҳастии худро устувор намуда, ба сўйи ободиву шукуфоӣ раҳ мепаймояд.

Дар радифи садҳову ҳазорҳо ибтикороти хушоянди Сарвари давлат соли 2017-ум бо мақсади бардоштани ҳама мушкиливу монеаҳои сунъӣ дар роҳи тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси соҳибунвон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссияи олии аттестатсионӣ (КОА) таъсис ёфт. Дар дарозои чанд соли мавҷудияти ин ниҳоди олии илмӣ садҳо нафар соҳиби унвону дараҷаҳои илмӣ шуданд.

Банда низ зери ҳамин сиёсати фардоофар аз донишҷўйи қаторӣ то минбари баланди ҳимояи рисолаи докторӣ расидам. Аз ин хотир аз Сарвари давлат ва ҳамаи онҳое, ки дар ин роҳи душвору пурифтихор дастам гирифта по ба по то минбари ҳимоя расониданд, сипосгузорам…

Мирзо Бедил дар яке аз ғазалиёти худ мегўяд:

Ҳама маҷбури ҳукми тақдирем,

Карду нокард ихтиёрӣ нест.

Бо вуҷуди ин гоҳо дониставу надониста бо як иштибоҳи худ зомини тақдири инсонҳо, махсусан навроҳони илм, мегардем. Камина низ баъди дифои рисолаи докторӣ бо чунин амал рў ба рў шудам. Баъди супоридани ҳуҷҷатҳо ба КОА-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маълум гардид, ки дар ҷараёни ҳимоя Низомномаи амалкунанда риоя нашудааст. Ба унвони банда бо имзои раиси ин ниҳоди олӣ профессор А.Розиқзода мактубе расид, ки дар он аз ҷумла омадааст: «…тибқи сархати 2 банди 78 Тартиби додани дараҷаҳои илмӣ (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2021, №267) узви шурои экспертӣ наметавонад ба ҳайси эксперти муассисаи пешбар баромад кунад. Мутаассифона, дар раванди ҳимояи диссертатсияи Шумо ин муқаррарот сарфи назар гардида, ба ҳайси эксперти муассисаи пешбар узви шурои экспертии самти илмҳои Забоншиносӣ, адабиётшиносӣ, рўзноманигорӣ ва тарҷумонӣ баромад намудааст, ки қобили қабул нест… Бинобар ин, бо қарори Раёсати Комиссия аз 24 ноябри соли 2022, № 9 додани дараҷаи илмӣ ба Шумо рад карда шуд».

Ҳарчанд хабари нохушоянд аст, бо таҳаммул қабул доштам, зеро то ба минбари ҳимояи рисолаи докторӣ расидан чандин бор афтода, ба таъбири устод Лоиқ, сахтҷон шудаам. Довталаби донишкада будам (соли 1990-ум), ки бо иваз шудани иншоям, ки баҳои «4» дошт, маро ташвиқ намуда буданд, ки ба тақдирам тан диҳаму соле баъд оям, вале собит намудам, ки банда ба баҳои «2» иншо нанавиштаам. Бо ҳазор талош иншоямро ёфтам ва баъди супоридани ду имтиҳони дигар соҳиби номи донишҷўӣ гардидам…

Дар арафаи ҳимоя рисолаи номзадӣ қарор доштам (соли 2002-юм), ки ҳуҷҷатҳои дифоъ, аз ҷумла тақризи муассисаи пешбар, тақризҳо ба автореферати рисола дар роҳи Душанбе – Хуҷанд дар ағбаи Шаҳристон дармонд ва банда, ки санаи 29-уми ноябр рисолаи номзадӣ ҳимоя менамудам, то 28-уми ноябр (соати 22:00) намедонистам, ки фардо ҳимояи рисолаам доир мегардад ё бо нарасидани тақризҳо ба дигар вақт мегузарад! Хушбахтона, бо мушкилоти зиёд ва асабониҳои беандоза чанд соат пеш аз ҳимоя ҳуҷҷатҳо дастрас шуду дифои рисола баргузор гардид ва соҳиби дараҷаи номзади илми филология гардидам…

Бовар доштам, ки дарёфти дипломи доктори илм бе муаммо сипарӣ мешавад, зеро бо пуштибониву ҳидояти Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ Тоҷикистон аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ ёфту дар кишвар КОА таъсис гардида роҳ ҳамвор шудааст, вале ин бор низ бахт омад накард.

Аслан, банда даъвогари дараҷаи илмии доктори илм нестам, зеро медонам, ки бузургтарин суханшиносони садаи ХХ мисли Шарифҷон Ҳусейнзода, Носирҷон Маъсумӣ, Абдуқодир Маниёзов (равонашон шод бод!) номзади илм буданд. Устодони донишгоҳиям маслиҳат доданд, ки неруи зеҳнии навиштани рисолаи докториро дорам ва, махсусан ки дар Тоҷикистон КОА таъсис ёфтааст, бояд ин корро анҷом диҳам. Бо раҳнамоии устодон, хосатан мушовири илмиям профессор А.Ҳасанзода, соли 2008-ум ба таҳқиқи мавзуи калимасозии назми Бедил оғоз намудем ва аввалин мақолаи худро ҳамон сол нашр кардем Он солҳо ҳар ду дар “Маркази пажуҳиши тамаддуни даврони Сомониён” фаъолият доштем. Баъди нашри муҷаллади якуми асари ҷомеи «Донишномаи Сомониён» банда мудири шуъбаи илми Донишгоҳ таъйин гардидам (соли 2008-ум) ва тасдиқи мавзуи докторӣ ва таълифи он ба таъхир афтод. Соли 2012-ум ба докторантураи Донишгоҳ дохил шуда, мавзуи рисоларо тасдиқ намудем («Хусусиятҳои сохториву маъноии калимаҳои мураккаб дар назми Бедил» (дар мисоли калимаҳои мураккаби навъи татпуруша)), вале бо фармоиши ректори Донишгоҳ (равоншод Ғ.Усмонов) соли 2013-ум аз докторантура бозхонд ва декани факултети филологияи тоҷик таъйин шудем. Ҷамъбасти рисолаи докторӣ боз ба таъхир афтод. Соли 2017-ум баъди як навбат иҷро намудани вазифаи декани факултет барои ҷамъбасти рисолаи докторӣ машғул шудем ва соли 2019-ум рисоларо ба итмом расонида, дар маҷлиси васеи кафедраи забони тоҷикӣ муҳокима намудем. Рисола баъди муҳокима барои ҳимоя дар Шурои дифои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон тавсия шуд. Бо дастгирии мутахассисони Донишгоҳи мазкур санаи 17-уми январи соли 2020-ум рисола дар ҷаласаи васеи кафедраи таърихи забон ва типология аз муҳокимаи аввал гузашт. Бадбахтона, бемории Ковид – 19 оғоз гардиду ҳимояро боз ба таъхир мононд: шуроҳои дифоъ муваққатан фаъолиятро қатъ намуданд…

Афсўс, ки дар ин давра чанд нафар аз докторони илм аз рўйи ихтисоси забоншиносӣ, аз ҷумла узви вобастаи АМИТ, профессор М.Қосимова, муҳаққиқони нуктасанҷ, профессорон Б. Камолиддинов, С. Сабзаев, Ш. Исмоилов ва чанде қабл профессор Ҳ. Маҷидов моро тарк карданд (равонашон шод бод!).

Хушбахтона, баъди ба эътидол омадани вазъият шуроҳои дифоъ ба фаъолият оғоз намуданду банда дар Шурои дифои 6 D КОА – 021-и назди ДМТ моҳи июли соли ҷорӣ рисоларо дифоъ намудам…

Баъди дастрас намудани мактуби КОА таваҷҷуҳи маро ду нукта ба худ машғул медорад: 1) муассисаи пешбарро Шурои дифоъ муқаррар менамояд, пас, чаро масъулини Шурои дифоъ намедонанд, ки ба сифати аъзои экспертии КОА киҳо пазируфта шудаанд; 2) чаро бархе аз экспертҳои КОА ҳуқуқу уҳдадориҳои худро намедонанд ва агар донанд, Низомномаро риоя намекунанд?! Дар натиҷаи ба иштибоҳ роҳ додани онҳо довталаби дараҷаи илмӣ «қурбон мешавад»! Камина яқин медонам, ки банда аввалин довталабе нестам, ки бо ин мушкилӣ рў ба рў шудаам. Аз ман пештар чандин нафар бо ин «гуноҳ» рисолаи худро дубора ба дифоъ расонидаанд ва ё мерасонанд.

Баъди расидани хабари риоя нагардидани Низомнома бо мақсади фаҳмидани вазъият суроғи эксперти муассисаи пешбар, ки боре ҳам аъзои эксперти КОА будани худро иброз надоштаанд, шудем. Маълум гардид, ки эксперти муассисаи пешбар барои кор ба яке аз макотиби олии Ҷумҳурии Ўзбекистон даъват шудаанд ва, бадбахтона, он ҷо фишорашон баланд гардида, ба бистари беморӣ афтодаанд (Худованд шифояшон диҳад!). Дар ин ҳол боз ҳам байти Абулмаонӣ ёдам омад, ки мегўяд:

Вазъи дунё ҳеч бар девона таъсире накард,

Бештар ин барқи ибрат хирмани фарзона сўхт.   

Барои ҳимояи дигар ҳозирам, вале бояд иброз дорам, ки яке аз масоили мураккаби ҳимояи рисолаҳои докторӣ аз рўйи ихтисоси забони тоҷикӣ ёфтани муқарризони расмӣ ва муассисаи пешбар аст. Воқеан ҳам, дар кишвар аз рўйи ихтисоси забони тоҷикӣ докторони ангуштшумор дорем. Махсусан, бемории Ковид – 19 ва гузаштани чанд нафар мутахассисони соҳа вазъиятро боз ҳам душвор намуд. Аз ҷумла, дар вилояти Суғд, ки ҳафт мактаби олӣ дорад, ҳамагӣ се нафар доктори илм аз рўйи ихтисоси забони тоҷикӣ фаъолият доранд, ки синни миёнаи онҳо 69,3 солро ташкил мекунад! Дар вилоятҳои дигар ва пойтахти кишвар низ дар муассисаҳои таълимии олӣ (ба истиснои ДМТ) ва Пажуҳишгоҳҳои илмӣ вазъ чунин аст.

Президенти муҳтарами кишвар КОА-ро бо ҳамин мақсад таъсис додаанд, ки холигоҳро пурра намоем ва сафи докторони илмро, махсусан аз ҳисоби ҷавонон ва дар риштаи забоншиносӣ, ҳам ба миқдор ва ҳам ба сифат афзун созем.

Барои ба даст овардани дипломи докторӣ талош надорам, зеро шукргузору ифтихорманд аз онам, ки дарозои фаъолият дар Донишгоҳ камоли ҳамнишин асар намуду соҳиби бештар аз 200 мақолаи илмӣ, энсиклопедӣ ва илмӣ-оммавӣ гардидем. Ду монография («Хусусиятҳои луғавию услубии насри таърихӣ» (дар асоси эҷодиёти Сотим Улуғзода, 2011); («Хусусиятҳои сохториву маъноии калимаҳои мураккаб дар назми Бедил» (дар мисоли калимаҳои мураккаби навъи татпуруша, 2022) , се маҷмуаи мақолот («Меросбари Оли Сомон», 1999); «Сухан аз гавҳариёни сухан», 2017); «Сайри лафзу маънӣ», 2021), ду дастури таълим («Забони тоҷикӣ», 2004); «Қутбнамоёни илми забоншиносӣ», 2011) нашр намудем.

Ба сифати рисолаи докторӣ бо маслиҳату раҳнамоиҳои мушовири илмӣ мавзуъеро интихоб намудем, ки то ба имрўз ба таҳқиқ нарасида буд. Ин аст, ки асолати диссертатсияро антиплагиати КОА 87,58 фоиз (автореферат 94,83%) баровард. Сарафроз аз онам, ки рўзи дифоъ аъзои бонуфузи Шурои дифои 6D КОА – 021-и назди ДМТ, ки ҳама доктори илм аз рўйи ихтисосанд, муқарризони расмиву ғайрирасмӣ, ки се нафари онҳо узви вобастаи АМИТ-анд, се нафар аз хориҷи кишвар, махсусан эроншиноси номӣ профессор М.А.Молчанова, бо баромаду тақризҳои худ ба кори шогирдонаи мо баҳои баланд доданд. Мадюни эҳтирому ихлоси онҳоям. Сипоси фаровон ба ҳамаи онҳо.

Сипосгузору сарфароз аз сиёсати маънавибунёди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки имкони кори илмӣ намудану барои дифоъ манзур карданро фароҳам овардааст. Ҳамин сиёсати ояндасоз буд, ки дар кори ҳимояи мо ректори МДТ-и “ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” профессор А.Усмонзода дастгирамон буданд. Аз ҷумла, нашри автореферат ва монография аз ҳисоби Донишгоҳ сурат гирифт, харҷи сафари ҳимоя ба Душанбе пардохт шуд. Мадюни ин меҳрубониҳоям ва барои ташвиқи ин сиёсати фардонамо ва маънавиятсози Ҷаноби Олӣ кўшиш менамоям. Дар қатори чанд нафар муҳаққиқони забоншинос аз он сарфарозонеам, ки ба китоби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Забони миллат – ҳастии миллат” (“Ба сўйи пояндагӣ”; “Забон ва замон”) китобиёт навишта, мақоми ин асари мондагору ҷомеи ҳамахонро дар болобурди ҳофизаи таърихӣ, гиромӣ доштани забони миллӣ ва ғ. муаррифӣ намудам, ки дар муътабартарин рўзномаҳои ҷумҳурӣ – “Ҷумҳурият” ва “Адабиёт ва санъат” ва баъдан дар чандин маҷмуаҳои дастаҷамъӣ ба нашр расидаанд. Дар ин самт барои хидмат ҳозирам.

Дар охир, ба ҳамаи раҳравони ҷодаи илм, ки дар шуроҳои дифои назди КОА-и Тоҷикистон рисола дифоъ менамоянд, роҳи сафед хоҳонам! Барои экспертҳои КОА гуфтаниям, ки вақти имзо эҳтиёткор бошанд, зеро бо як иштибоҳи онҳо тақдири имрўзу ояндаи як навроҳи илм ҳал хоҳад шуд. Итминони комил дорам, ки баъди нашри ин чанд сатри парешон иштибоҳи мазкур рух нахоҳад дод ва банда охирин довталабе хоҳам буд, ки ба ин иштибоҳ мувоҷеҳ шудаанд.

Барои таҳаммули вазъ аз ашъори Абулмаонӣ мадад меҷўям:

Эй фаромўшӣ, куҷоӣ, то ба фарёдам расӣ,

Боз аҳволи дили ғампарварам омад ба ёд.

Мўсо ОЛИМҶОНОВ,

номзади илмҳои филологӣ, дотсент, мудири кафедраи забони тоҷикии МДТ-и «ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров»

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *