Эмомалӣ Раҳмон Прокурори генералии Русияро ба ҳузур пазируфт

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Прокурори генералии Федератсияи Русия Игор Красновро, ки бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Президенти кишвар, дар рафти мулоқот доираи васеи масъалаҳои вобаста ба таъмини амният ва ҳамкориҳои ҳуқуқӣ дар чорчӯби шарикии стратегии Тоҷикистон ва Русия баррасӣ гардидаанд. Дар ин зимн мавзуҳои таъмини қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ ва ҳифзи шаҳрвандони ду кишвар аз ҳама гуна зуҳуроти ҷиноятӣ мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо қарор доштааст. Ба ин манзур муҳимияти таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар самти муборизаи муштарак бар зидди терроризм, экстремизм ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, бахусус қочоқи маводи мухаддир ва силоҳ, кибер-ҷиноятҳо ва дигар намудҳои ҷинояткории махсусан вазнин таъкид карда шудааст.

Ҳамзамон бо ин, ҷонибҳо масъалаҳои аз байн бурдани хатарҳои мавҷудаи дохилиро, ки аз ҷумла бо тамоюлҳои таҳмили идеологияи  тундгароии динӣ ба ҷомеа, ҳамчунин гуруҳҳои «хуфта»-и терроризму экстремизми байналмилалӣ алоқамандӣ доранд, муҳокима намудаанд.

— Дар рафти суҳбат атрофи вазъи мураккаб дар Афғонистон, ҳамчунин масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон ва ҳамкории мақомоти прокуратураи ду кишвар дар самти расонидани ёрии ҳуқуқӣ аз рӯи парвандаҳои ҷиноятӣ ва истирдоди ҷинояткорони дар ҷустуҷӯ қарордошта мубодилаи афкор сурат гирифт,- меафзояд манбаъ.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.