Эмомалӣ Раҳмон 2 лоиҳаи Оғохон дар Бартангро ифтитоҳ кард

Призиденти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 25 июн соли ҷорӣ лоиҳаи оби ошумиданиро, ки аз ҷониби Бунёди Оғохон сармоягузорӣ шуда буд, ифтитоҳ намуд.

Мақсад аз амалисозии лоиҳаи мазкур таъмин кардани аҳолии  аз офатҳои табиӣ зарардидаи водии Бартанг бо оби тозаи нӯшокӣ  мебошад.

Бояд гуфт, ки дар натиҷаи заминларзаи 7-уми декабр 223 бино, аз ҷумла хонаҳои истиқоматӣ, мактабҳо, бунгоҳҳои тиббӣ пурра хароб гашта, 300 иншооти дигар қисман зарар дида буданд. Бунёди Оғохон  дар пайи ин замиларза ба мардуми водии Бартанг кӯмак намуда, лоиҳаҳоеро амалӣ намуд, ки баро рафъи мушкилоти мардум кӯмак мекунад.

Тибқи иттилои Бунёди Оғохон «Ташкилоти Оғохон оид ба рушд аз он шарафманд мебошад, ки Президенти кишвар- ташаббускори барномаи «Даҳсолаи об барои ҳаёт»-и СММ лоиҳаи таъмини оби ошомиданиамонро ифтитоҳ намуд. Мо боварӣ дорем, ки дастрасӣ ба оби тоза ва беҳдошт омили саломатии дуруст ва коҳишёбии касалиҳои бисёре, ки аз об сар мезананд, дар қишлоқ хоҳад буд»,  гуфт Намояндаи дипломатии Ташкилоти Оғохон оид ба рушд ҷаноби Акбар Али Песнанӣ.

Ҳамчунин, президенти кишвар лоиҳаи дигар- бинои Нерӯгоҳи хурди барқии обии водии Бартанги ноҳияи Рӯшонро ифтитоҳ кард. Барои барқарор кардани бинои мазкур 104 000 доллари амрикоӣ харҷ шудааст. Гуфта мешавад, баъди ба истифода додани ин бино ва фаъол шудани неругоҳ 722 нафар, яъне 124 оила бо нерӯи барқ таъмин хоҳанд шуд.

Раиси Бунёди Оғохон Ёдгор Файзов гуфт: «Ба ғайр аз сохтмони Нерӯгоҳи хурди барқии обӣ ва таъмини аҳолии камбизоат бо оби ошомиданӣ, Ташкилоти Оғохон оид ба рушд (AKDN)  инчунин дигар сохтмони хонаҳо ва тақвияти зарфияти аҳолӣ доир ба коҳиши офатҳои   табиӣ ва устуворнокӣ ба онро низ дар водӣ  дастгирӣ намуд».

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *