Эмомалӣ Раҳмон мардуми Тоҷикистонро ба муносибати иди саиди Фитр табрик гуфт
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мардуми кишварро ба муносибати иди саиди Фитр табрик намуда, ба ҳар як хонаводаи тоҷик сулҳу оромӣ, тандурустӣ ва файзу баракат орзу кард.
Дар паёми шодбошӣ таъкид шудааст, ки имсол иди Фитр ба арафаи ҷашнҳои бузурги миллӣ – Наврӯзи бостонӣ ва 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ рост омада, рамзи эҳёи арзишҳои миллӣ ва динӣ дар даврони истиқлол мебошад.
Сарвари давлат зикр намуд, ки иди Фитр дорои арзишҳои муҳими ахлоқиву маънавӣ буда, аз ҷумлаи суннатҳои неки он анҷом додани хайру саховат ба ниёзмандон аст. Ба гуфтаи ӯ, садақаи Фитр бояд бо нияти пок ва бе риё ба ятимон, маъюбон, беморон ва оилаҳои камбизоат расонида шавад.
Ҳамчунин, дар паём ба аҳамияти риояи одобу анъанаҳои миллӣ, аз ҷумла зиёрати падару модар, аёдати беморон ва ёди гузаштагон таъкид гардидааст.
Президенти кишвар шаҳрвандонро аз исрофкорӣ ва намоишкорӣ дар рӯзҳои ид ҳушдор дода, зикр кард, ки ид тӯй нест ва хароҷоти зиёдатӣ зарурат надорад. Ба ҷойи ин, бояд ба тарбияи дурусти фарзандон ва беҳтар намудани шароити зиндагии оила таваҷҷуҳ зоҳир гардад.
Дар анҷом, Пешвои миллат аҳамияти илму маърифатро махсус қайд карда, таъкид дошт, ки пешрафти ҷомеа аз сатҳи дониш ва маърифати шаҳрвандон вобаста мебошад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ