Эмомалӣ Раҳмон Маҷмааи хизматрасонии техникии парвозҳо дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷандро ба истифода доданд
20-уми ноябр Президенти кишвар, Эмомалӣ Раҳмон дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд бинои Маҷмааи хизматрасонии техникии парвозҳоро ба истифода доданд.

Иншооти мазкур бо мақсади таъмин намудани эҳтиёҷоти хадамоти хизматрасонии техникӣ, ки фаъолияташ ба хизматрасонӣ ва дастгирии техникии ҳавопаймоҳо вобаста мебошад, дар масоҳати 936 метри мураббаъ бунёд гардидааст.
Иттилоъ доданд, ки бинои қаблии хадамоти хизматрасонии техникӣ, ки дар солҳои 50–60-уми асри гузашта сохта шуда буд. Ва аз сабаби фарсуда гардидани инфрасохтор дигар ҷавобгӯи талаботи замони муосир набуд.
Бинои нав дар минтақаи хадамоти хизматрасонии рӯизаминӣ бунёд гардида, аз се ошёна иборат мебошад. Бино аз 32 ҳуҷраи хизматӣ ва се синфхонаи омӯзишӣ ва тавақуфгоҳи нақлиётӣ барои беш аз 20 адад автомобил иборат мебошад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ