Марги Усома ал- Шаъфар дар Суғд
Марги Усома ал- Шаъфар роҳбари Конфедератсияи дучархасаворони Осиё дар як садамаи нақлиётӣ дар вилояти Суғд ба ҳалокат расидааст.
Ба истинои манобеи Pressa.tj ҳодисаи мазкур шаби 19 ва 20 ноябр дар ҳудуди деҳаи Сомғори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рух додааст. Усома ал- Шаъфари 50 сола яке аз тоҷирони сарватманди Аморати Муттаҳидаи Арабӣ мебошад.
Ба гуфтаи манбаҳои муътабар, Усома ал- Шаъфар ронандаги мекардааст ва ду ҳамроҳи дигараш низ захми шудаанд. Ин ду ҳамроҳонаш ҳам шаҳрвандони АМА мебошанд.
То ба ҳол дар бораи ин ҳодиса ягон ниҳодҳои расмӣ вокуниш накардаанд, танҳо дар сомонаҳои иҷтимоӣ вуқӯъи ин ҳодисаро тасдиқ карданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ