Эмомалӣ Раҳмон Муҷтабо Хоманаиро ба муносибати интихоб шуданаш ба мақоми Раҳбари олии Эрон табрик гуфт

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Муҷтабо Хоманаиро ба муносибати интихоб шуданаш ба мақоми Раҳбари олии Эрон табрик гуфт.

Дар номаи табрикотие, ки рӯзи 9-уми март нашр шуд, Сарвари давлат изҳори боварӣ кардааст, ки таҳти роҳбарии Муҷтабо Хоманаӣ «мардуми сарбаланди Эрон бар ҳамаи мушкилоте, ки имрӯз кишвари дӯсту бародар бо онҳо рӯ ба рӯ шудааст, пирӯз хоҳад шуд».

«Мо нақши созандаи Ҷумҳурии Исломии Эронро дар таҳкими сулҳу суботи минтақа ва ҷаҳон муҳим арзёбӣ намуда, бори дигар ҷонибдории худро аз риояи ҳатмии усул ва муқаррароти ҳуқуқи байналмилалӣ дар муносибатҳои байнидавлатӣ таъкид менамоем.
Бо табрики муҷаддад, омодагии ин ҷонибро барои таҳким ва тавсеаи беш аз пеши ҳамкориҳои судманди Тоҷикистону Эрон ба нафъи ду миллати бародар, бо такя ба усули ҳусни эътимод ва эҳтироми мутақобил, изҳор медорам», – гуфтааст Президенти кишвар.

Ёдовар мешавем, ки Муҷтабо Хоманаӣ 56 сол дорад. Ӯ пас аз кушта шудани падараш, раҳбари пешини Эрон Алии Хоманаӣ, дар пайи ҳамлаҳои Исроил ва Амрико, ки рӯзи 28-уми феврал рух дод, ба ҳайси сеюмин Раҳбари олии Ҷумҳурии Исломӣ интихоб шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *