Эътирозҳо дар Ироқ: 10 кас кушта шуд

Неруҳои амниятии Ироқ дар пойтахти он кишвар шаҳри Бағдод ҳадди ақал шаш кас ва дар шаҳри Басра чаҳор тани дигарро куштанд. Ин ҳам дар ҳоле, ки эътирзҳои зиддиҳукуматӣ дар Ироқ идома доранд.

Манобеи тиббӣ ва пулис рӯзи 7 ноябр хабар доданд, ки дар задухӯрд бо пулис даҳҳо тан маҷруҳ шуданд. Эътирозгарон талаб доранд, ки ҳукумати феълӣ ба истеъфо равад.

Дар шаҳри Бағдод неруҳои амниятӣ зидди сокинон тир кушоданд, ки дар натиҷа наздики 35 тан захмӣ шуд. Пулис роҳ ба сӯи минтақаеро маҳдуд кард, ки биноҳои ҳукуматӣ ва аксари сафоратҳои кишварҳои хориҷӣ онҷо ҷойгир ҳастанд.

Дар шаҳри Басра — пойтахти саноати нафтии Ироқ — пулис сӯи сокиноне тир кушод, ки ба эътирози оромона даст зада буданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *