Фаъолияти 758 корхонаи саноатӣ дар Суғд

Дар 6 моҳи соли аввал корхонаҳои саноатӣ якҷоя бо соҳибкорони инфиродӣ ба маблағи 11 миллиарду 128,3 млн сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд.

Ин нуктаро имрӯз раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни нишастӣ матбуотӣ зикр намуда, ҳамчунин қайд кард, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 бо назардошти индекси нархҳои истеҳсолкунандагони маҳсулоти саноатӣ 123,8 фоизро ташкил мекунад.

Тавре зикр гардид, дар соҳаи саноат 758 корхонаҳои саноатӣ фаъолият доранд, ки аз он 37 корхонаҳо хусусияти хизматрасонии саноатӣ доранд.

Иҷроиши қисми хароҷоти буҷетӣ вилоят дар ин давра 1213,5 млн сомониро ташкил дода, нисбат ба нақша 99,9 фоиз мебошад.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.