Фавти боз як тоҷики дигар дар ҷанги Русия ва Украина (аудио)

Дар ҷанги байни Русия ва Украина тоҷикони дорои шаҳрвандии Русия ҳам иштирок доранд. Аз аввали ҷанг то имрӯз садҳо нафар куштаву маҷруҳ гардидаанд. Мутаассифона, дар байни ин афрод ҳамватанони мо низ ҳастанд.

Маҳмадалӣ Абдуллоев, сокини деҳаи Иттифоқи ҷамоати деҳоти Золи Зари ноҳияи Ҷалолиддини Бахлӣ дар ҷанги Русия ва Украина иштирок мекард. Мутаассифона, хабари марги ӯ аллакай ба наздиконаш расонида шуд. Ӯ ҳанӯз оиладор набудааст.

Як манбаъ аз ҷамоати деҳоти Золи Зари ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба Pressa.tj гуфт, ки ҷасади ӯро имрӯз ё фардо аз тариқи Фурудгоҳи вилояти Челябинск ба Тоҷикистон интиқол медиҳанд: “Ҳоло ҳуҷҷатҳояшро дуруст карда истодаанд ва аниқ гуфта наметавонам, ки кай дар Тоҷикистон мешаванд. Наздиконаш гуфтанд, ки агар ҳуҷҷатҳо дуруст шавад, имрӯз ё фардо ба ватан парвоз мекунем”.

Дар як тамоси телефонӣ Рӯзимад Сияҳаков, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ гуфт, ки “мо дар ин бора то ҳол хабар надорем. Ҳанӯз касе моро хабардор накардааст. Ҳамин саҳар маҷлис буд. Касе аз чунин ҳодиса сухан накард”.

Дар ҳамин ҳол, Гуломҷон Вализода, раиси ҷамоати деҳоти Золи Зар (Узуни собиқ)-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ гуфт, ки “мо аз ин ҳодиса хабар дорем. Маҳмадалӣ Абдуллоев дар ҷанги Русия ва Украина ба ҳалокат расидааст. Ӯ бештар дар Русия зиндагӣ мекард. Қариб ки дар ҳамонҷо ба воя расидааст. Модараш аз падараш ҷудо шуда буд. Масъалаи интиқоли ҷасад ба Тоҷикистон ҳанӯз ҳал нашудааст”.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.