Филиали ДДМ ба номи Ломоносов – маркази таҳсилоти рақобатпазир дар Душанбе
Филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе бо беш аз 40 муассисаи таълимӣ ва илмии хориҷӣ созишнома ва қарордодҳои ҳамкорӣ ба имзо расонидааст.
Тавре дар нишасти матбуотӣ директори иҷроияи филиал Рустам Ғанизода иттилоъ дод, дар нимсолаи аввали соли 2025 миёни филиал ва Донишкадаи давлатии омӯзгории Тирмизи Ҷумҳурии Узбекистон созишномаи нави ҳамкорӣ ба имзо расид.
Дар доираи созишномаҳои имзошуда, барномаҳои мубодилаи омӯзгорону кормандон, инчунин таҳқиқоти илмӣ ва амалӣ бо ҳамкории тарафайн роҳандозӣ мегарданд.

Ба иттилои манбаъ, омода намудани мутахассисон дар филиал тибқи талаботи Стандарти федералии давлатии таҳсилоти олии насли сеюм сурат мегирад. Дар муассиса мутахассисон аз рӯи шаш равия омода мешаванд ва барномаҳои таълимӣ аккредитатсияи давлатии Федератсияи Русияро гузаштаанд.
Дар соли таҳсили 2024–2025 шумораи умумии донишҷӯён 424 нафарро ташкил медиҳанд. Имсол 105 нафар донишҷӯ муассисаро бо муваффақият хатм намудаанд. Айни ҳол дар филиал 27 нафар донишҷӯёни хориҷӣ аз Русия, Узбекистон, Қазоқистон ва Чин таҳсил мекунанд.
Ҳамзамон, дар давраи имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2025, ки тавассути Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, 1504 довталаб барои таҳсил дар филиал ба қайд гирифта шудаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ