60% ҳиссаи Хатлон дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии кишвар
Дар шаш моҳи аввали соли 2025 ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар вилояти Хатлон ба 14 миллиарду 70 миллион сомонӣ расид. Дар ин бора муовини аввалит раиси вилояти Хатлон зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Музаффар Мирзозода, муовини аввали раиси вилоят, афзуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 1,3 миллиард сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш ба 110 дарсад баробар аст.
Ба гуфтаи ӯ, дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар майдони 346 ҳазору 300 гектар зироатҳои гуногуни кишоварзӣ кишт шудааст, ки 105 дарсади нақша мебошад.
Дар ҳамин давра дар вилоят 2 ҳазору 469 гармхонаи доимӣ ва мавсимӣ фаъолият кардааст. Аз ин гармхонаҳо ҷамъан 19 ҳазору 800 тонна памидор, 24 ҳазору 800 тонна бодиринг ва 24 ҳазору 700 тонна дигар навъҳои сабзавот истеҳсол гардидааст.
Кишоварзони соҳибтаҷрибаи вилояти Хатлон, бо истифодаи самараноки захираҳои заминӣ ва иқлимӣ, наздики 60 дарсади маҳсулоти умумии кишоварзии ҷумҳуриро таъмин мекунанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ